Тавре ки маълум аст, ҳатто киштии бисёр оддӣ хеле гарон аст ва бинобарин на ҳар кас метавонад чунин киштӣ харидорӣ намояд. Бо вуҷуди он, ин тамоман маънои онро надорад, ки орзӯҳои он одамоне, ки шароити кофӣ барои фармоиш додани киштии нав аз корхонаро надоранд, наметавонанд амалӣ шаванд. Ҳоло бисёре аз онҳое, ки ба киштиҳо шавқ доранд, харидани қаиқи истифодашударо варианти беҳтарин меҳисобанд, зимнан якбора барои якчанд сабаб.
Бартарии хариди киштиҳои истифодашуда
Пеш аз ҳама, катер ва киштиҳои истифодашударо харидан меарзад, албатта, охир дар ҳақиқат аз нав дида арзонтаранд. Маҳз то кадом дараҷа – ин аз ҳолати техникии киштӣ ва якчанд хусусиятҳои муҳимми дигар вобастагӣ дорад. Маҳз ҳамин, шояд, сабаби асосии он бошад, ки киштиҳои истифодашударо харидорӣ менамоянд.
Ин ки хариди истифодашуда мумкин аст арзон бошад, аммо бо вуҷуди ин сабаби ягонаи ба даст овардани маҳз киштиҳои нигоҳдошташуда ба ҳисоб намеравад. Муҳим инчунин он аст, ки дар чунин ҳолат набояд интизор шуд, то ин ки киштӣ сохта шавад: чун қоида, баъди пардохт ва ба анҷом расонидани ҳамаи ҳуҷҷатҳои зарурӣ, шумо метавонед фавран бо он ба баҳр равед.
Ҳамчунин зарур аст, ки боз як ҳолати муҳимро қайд намоем. Ин дар он аст, ки баъзе киштиҳои истифодашуда маҳз барои он аҷиб ҳастанд, ки онҳо қаблан зери моликияти одамони машҳур қарор доштаанд. Дар аксар ҳолатҳо арзиши чунин киштиҳо ҳатто аз киштиҳои нав дида гаронтар аст.
Чӣ тавр киштии истифодашуда харид?
Барои харидани киштии истифодашуда бо нархе, ки воқеан бо ҳолати техникии киштӣ мувофиқат мекунад, бояд ки онро бо ёрии даллоли (коргузор) ботаҷрибаи киштӣ харид, масалан, ширкати Cofrance SARL. Коршиносони мо ҳатман чунин вариантеро, ки мувофиқати бештар мусбии “нарх/сифат” -ро доранд, интихоб менамоянд. Илова бар ин, мо мурофиқати комили ҳуқуқии муомилаи хариду фурӯши киштиро фароҳам меорем.