Агар баҳрнавардии дарозмуддат бо гузариши шабона ба нақша гирифта шудааст, экипажи таҷрибадор дар ҳайати пурра ва ташкилии ҷиддии навбатдорӣ ҳатман зарур мешавад. Маданияти баҳрнавардӣ садсолаҳо ташаккул ёфта буд ва ҳар як қоида аз таҷрибаи бузурги гузаштагон асос гирифтааст. Бисёр ҷиҳатҳои баҳрнавардӣ ба чашми тангназарон то ба ҳол бемантиқу ғалатӣ мерасанд. Аммо, агар ҳамаи тавсияҳою қоидаҳоро риоя кунед, сафари баҳрнавардӣ бидуни душвориҳо мегузарад.
Мафҳуми «экипажи яхта»
Иҷораи яхта бо экипаж – ин доимо хулосаи дуруст мебошад. Ҳамин тарз иҷорагиранда ва меҳмонони ӯ аз истироҳати пурқимат дар об ҳузуру ҳаловат бурда метавонанд. Дастаи касбӣ нисбати ҳамаи ҳузурдоштагони канор таваҷҷӯҳ медиҳад ва бароҳатию бехатарии онҳоро таъмин менамояд. Экипажи хуб доимо бо тезӣ ва мураттаб кор мекунад.
Ба ҳайати экипаж одатан кӣ дохил мешавад
Барои таъмини тартибот дар канори киштӣ муҳим аст, ки иерархия риоя карда шавад.
Дастаи экипаж одатан аз мансабдорони зерин иборат мебошад:
- Капитан. Ӯ аз болои киштӣ ва кулли ҳузурдоштагони канор роҳбарӣ мекунад. Вазифаи мазкурро фақат шахси таҷрибадоре, ки донишҳои зарурӣ ва малакаҳои муайянеро дар соҳаи марбута дорад, ишғол карда метавонад ва ҷиҳати додани амрҳои дуруст ва фавран амал намудан дар ҳолатҳои фавқулодда қобилият дорад. Дар киштӣ ду капитан қарор дошта наметавонанд, зеро дар акси ҳол ин ба тақобули манфиатҳо оварда мерасонад.
- Ёрдамчии аввали капитан. Ӯ бояд ҳамаашро назорат кунад ва оиди ҳар як ҳодиса капитанро саривақт хабардор бояд кунад. Агар киштӣ калон бошад, ба даста дуюм ёрдамчиро низ дохил карда метавонанд.
- Муҳандис. Ӯ нисбати коршоямии воситаи баҳрнавардӣ ҷавобгар мебошад.
- Ёрдамчии муҳандис. Ба вазифаи ӯ иҷроиши супоришҳои сармуҳандис ва бурдани назорат аз болои кори асбобҳо дар яхта медароянд.
- Маллоҳон. Барои ин вазифа он маллоҳонеро мегиранд, ки ҳоло таҷрибаи кофиро надоранд ва бисёр чизҳоро бояд аз худ кунанд. Бар зиммаи маллоҳон одатан кулли корҳои ёрирасон ва ҷисмонӣ вогузор карда мешаванд.
- Стюарди калон. Ба вазифаи ӯ ғамхорӣ нисбати меҳмонон ва таъмини тартиботу тозагӣ дар кулли манзилҳои киштӣ медароянд.
- Ошпаз. Ӯ барои ҳар як меҳмон ва аъзои даста, ки дар канор ҳузур доранд, таом мепазад.
Агар дар канор одам бисёр бошад, стюарди калон ва ошпаз ёрдамчиҳоро дошта метавонанд. Мустақилона ҷустуҷӯ кардани экипаж барои яхта – кори пурмасъулият ва душвор аст. Беҳтараш ин ки, киштӣ бо экипаж ба иҷора ггирифта шавад. Зеро ширкатҳое, ки чунин хизматрасониҳоро пешкаш мекунанд, ба ихтиёри иҷорагиранда экипажи ботаҷрибаро пешниҳод карда метавонанд, ки ба ӯҳдаи он идораи воситаи баҳрнавардӣ ва бехатарии мусофиронро бидуни хавотирагӣ бовар кардан мумкин.