Рашид Иброҳимов. Дар ScanMarine TM (Cofrance SARL) ба мо ба иҷора гирифтани яхтаро дар байни ҷазираҳои Кариб кӯмак карданд. Ин аҷоиб буд! Саёҳати дилхоҳи мо, воқеъан! Хатсайрро пешакӣ тартиб дода будем, аммо, дар зимни сафар онро тағйир дода метавонистем. Оббозӣ, моҳигирӣ, пикникҳо, пляжҳои табиӣ – бидуни маҳдудиятҳо. Боҳашамат истироҳат кардем.
Шуха ва Ко. Сервис маъқул шуд. Яхтаро тариқи онлайн, ҳатто аз ҷоятон нахеста, аз ҳар нуқтаи ҷаҳон фармоиш дода, ба иҷора гирифта метавонед. Бандарҳоро мустақилона интихоб менамоед, хатсайрро тартиб медиҳед (албатта, агар тасаввурот дошта бошед), ҷойҳои таваққуф, ҳамчунин лангариро, муқаррар мекунед. Барои хӯрок, оби нӯшокӣ, сӯзишворӣ алоҳида пардохт кардан лозим. Ҳисоботро муфассал тартиб медиҳанд, маълум аст, ки барои чӣ пул мегиранд.
Тамара Пӯлодӣ. Мо ҳаводорони баҳр нестем, аммо дар ҳаёт як маротиба хоҳиш кардем, ки яхтаро киро кунем. Ин дар Ибитса буд. Хотираҳои олиҷаноб. Менеҷери ширкати СканМарин фаҳмид, ки мо дар бораи ин масъала чизеро намедонем, муфассал маслиҳат ва, ҳатто, шарҳ дод, ки чӣ тавр этикетро риоя кардан лозим. Саёҳати баҳрӣ ба мо ҳаловати бузургро бахшид. Хеле базебу романтикӣ буд, аксҳои беҳтаринро кардем. Яхтаро барои мо махсусан презенталиро интихоб карданд, то ки ҳамаи лавозимотҳоро баҳогузорӣ карда тавонем. Дар баҳр тахминан 6 соат гузарондем, аз алвонҷ тамоман шалпар нашудем.
Фирдавси Берунӣ. Дар вақте, ки дар Марсел истироҳат мекардем, барои моҳигирӣ бо рафиқонам катер гирифта будем. ScanMarine TM тамоми ҷараёнро ташкил карданд, таҷҳизотҳои зарурӣ ва дастурдиҳандаро баро духтарон пешниҳод карданд. Аҷоиб гузашт! Сайди моҳиро тоза карда, бо худ гирифтем.
Зариф Ёқубӣ. Яхта барои дидор бо духтари ҷавон – ин он тадбире аст, ки ӯро якбора аз они ту мегардонад. Хӯроки шоми романтикиро бо мусиқии зинда фармоиш додам. Таъсироти раднашаванда. Барои ташкилӣ аз ширкати Cofrance SARL миннатдор ҳастам.
Хоҷӣ Мавлон Company. Ширкати ScanMarine TM (Cofrance SARL) таъсири хубро кард. Аз афзалиятҳо: 1. Имконияти интихоб кардани навъи яхта, хатсайр, вақтхушӣ, барнома. 2. Ҳамаашро ба осонӣ фармоиш додан ва тариқи онлайн пардохт кардан мумкин. 3. Мусбӣ ва хушмуомилона робита мекунанд. 4. Як чанд ширкатҳои хуби чартериро тавсия медиҳанд. 5. Яхтаро ҳам барои бербоут чартер ва ҳам бо экипаж ба иҷора гирифтан мумкин. 6. Тамоми масъалаҳои молиявиро пешакӣ ҳалу фасл мекунанд, хароҷоти иловагиро, масъалан барои сӯзишворӣ ва хӯрок, хеле дақиқона ҳисоб мекунанд. 7. Ҳар ҳамроикуниро дар ҳар шаҳр фармоиш додан мумкин, масъалан роҳбалад барои экскурсия дар ҷазира, ки дар он ҷо таваққуфи шумо ба нақша гирифта шудаст. 8. Ҳамаш бенуқсонона ташкил карда мешавад, ягон эродро баён кардан мумкин нест. Аз камбудиҳо фақат нархҳои баландро ба забон гирифта метавонам, аммо, ба фикри ман онҳо онқадар ғайриоддӣ нестанд. Албатта, барои иҷора ба худи ширкати чартерӣ пардохт мекунӣ ва брокер, бошад, вариантҳоро пешниҳод намуда, робитаҳоро ташкил мекунад. Аз сервис бо таври 100% қаноатманд ҳастам.
Азиз Муҳаммадзода. Бо хушнудӣ хабардор шудам, ки ширкат дар кишварҳои гуногун инқадар намояндагиҳои зиёдро дорад. Ин далел дар бораи нуфузи баланд шаҳодат медиҳад. Бисёр саёҳат мекунам ва ҳаводори яхтинг мебошам. Ба Cofrance SARL бо маслиҳати як рафиқам муроҷиат кардам, зеро онҳо сервисҳои қулай ва бофаҳмро пешниҳод мекунанд. Бастаии хизматрасониро фармоиш дода ё ҳамту чизе бароятон лозимиро интихоб карда метавонед. Ва барои ман дар ҳар ҷойҳо чизҳои гуногун даркор мешаванд, бинобар ин варианти мазкур – варианти ман аст.
Мавлон_Малика. Тавассути СканМарин яхтаро барои сайру гашт ва дайвинг дар байни ҷазираҳои Азор фармоиш дода будем. Дар ин ҷо табиати беназири тагиобӣ, хотираҳои фаромӯшнашаванда монданд. Дар ширкат барои мо таҷҳизотҳою лавозимотҳо ва дастурдиҳандаро пешниҳод карданд. Баъд, ҳангоми саёҳати баҳрӣ мо делфинҳою наҳангҳоро дида будем. Бешубҳа – олиҷаноб! Ташкилӣ – аҳсан!
Чоршанбиев Алик. Дар Ҳавайӣ истироҳат дошта, хулоса карда будем, ки яхтаро ба иҷора гирем. Ширкатро тариқи интернет пайдо намудем. Худро бисёр гаранг накарда, ба пешниҳоди нахустине, ки аз ҷиҳати нарх муносиб буд, розӣ гаштем. Хуб шуд, ширкати Кофранс ба кулли умедҳои мо ҷавобгӯ буд. Дар баробари он, ки киштӣ ва экипаж сатҳи олӣ буданд, барои мо мини-шабнишиниро ба сифати бонус ташкил карданд. Барои ҳайати дӯстони мо хеле муносиб аст!
Моҳсанам Шерова. Ба саёҳат тавассути яхтаҳо ягон шавқу рағбат надоштам, аммо баъд аз он, ки дар корпоратив дар миёни дарёи Волга иштирок карда будам, фикрам ҷиддан тағйир ёфт. Медонам, ки ташкилкунандаи чорабинӣ ширкати «Кофранс» буд, аз кормандони он самимона сипосгузорам. Хоҳиш ва умед дорам, ки ягон вақт саёҳатро барои ду кас фармоиш медиҳам.