Имрӯз корпоратив падидаи одатӣ шудааст. Чунин истироҳати якҷоя ё ҷашнгирии рӯйдодҳои муҳим мақсади муттаҳидкунии коллективро доранд. Аммо, аксаран шабнишиниҳои якхела ва вақтхушиҳо дар тарабхонаҳои камҳавои шаҳр корпоративро ба чорабинии дилгирандаи расмӣ табдил медиҳанд.
Вале, агар шумо хоҳед, ки ҳайати худро зиндадил кунед, барои муттаҳид намудани ҳамкорон замина созед ва ба хотири муваффақиятҳои нав онҳоро омода намоед, пас корпоративро дар яхта фармоиш диҳед. Ва фарқ надорад, ки шумо чиро қайд карданӣ: ҷашни ширкат, бастани шартномаи нав, рӯзи таваллуди сардор, Соли Нав, иди касбӣ ё ҳамту ба хотири сихкабобҳо берун аз шаҳр рафтанӣ – мо кайфияти хуби ҳар як кормандро таъмин мекунем, то ки касе дилгиру хаста нашавад.
Мутахассисони таҷрибадори мо барои ҳайати шумо яхтаи дараҷа ва андозаи заруриро интихоб мекунанд, то ки ҳамаи меҳмонон бо бароҳатӣ ҷобаҷо карда шаванд, ҳамчунин ҳар як кормандро пешвоз мегиранд ва дар вуҷуди зарурият то ба канор интиқол медиҳанд. Мо ҷиҳати ороиш додани яхта, тартиб додани таомномаи идона, таҳияи барномаи тамоми шабнишинӣ кӯмак мерасонем, якҷоя бо шумо озмунҳои хушнудиовар ва, ҳатто, намоишҳои ниқобпӯширо эҷод мекунем. Капитанҳои таҷрибадор дар ҷодаи муқаррар намудани хатсайри бехатар мусоидат мекунанд, инчунин, бо хоҳиши шумо таваққуфҳо ва ба соҳил фаровардани меҳмононро (барои истироҳат ё сихкабобпазӣ, аксгирӣ ё сайру гашт ба ҷойҳои тамошобоб) пешбинӣ кардан мумкин. Диҷейҳои креативӣ барои ҳама мусиқии форамро интихоб карда, муҳити оромонаро барои шахсони ҳар синну сол барпо месозанд. Ба корпоратив дар яхта, агар тартиби шабнишинӣ муносиб бошад, ҳатто кӯдаконро бо худ гирифтан мумкин, аъзоёни экипаж шароити бехатарро таъмин мекунанд. Хотимаи таъсирбахши шабнишинӣ салюти рангин шуда метавонад. Агар хоҳед, ки кормандони ширкати хеш на фақат ба тааҷҷуб оварда шаванд, балки ҳамаи онҳо рӯҳбаланд гардида, экстриму авҷи ҳаяҷонро эҳсос кунанд, пас ба шумоо ташкили регатаи корпоративиро пешкаш менамоем. Танҳо ба канори киштӣ баромада ва вазифаи душвори ғолибияти пойгаи бодбониро дарк намуда – кормандони шумо ягонагии дастаи хешро эҳсос карда, ба пуррагӣ ҷуръат, пешсафӣ, ҳамкорӣ, омодагӣ барои кӯмакрасонӣ, саргармӣ ва сертакаббуриро зоҳир намуда метавонанд.
Ин истироҳати оммавии одатӣ нест – корпоратив дар яхтаҳо ва регата як чизе наверо меомӯзонанд, таҷрибаи бебаҳоро мебахшанд, ки ҳамаи инҳо ҷиҳати пешравии кор ва ба муваффақиятҳои нав ноил гаштанро замона месозанд.
Бастани шартномаи муҳиме, ки барои он кулли дастаи Шумо муддати дароз омода шуда буд, дар пеш истодааст, аммо шумо намехоҳед, ки чунин мулоқоти пурмасъулият дар утоқи корӣ баргузор шавад? Пас, барои чунин ҳолатҳо варианти олиҷаноб – корпоратив дар яхт-клуб вуҷуд дорад. Муҳити ғайрирасмӣ дар территорияи нейтралӣ ҷиҳати пайдо намудани боварии шарикони шумо мусоидат мекунад ва ҷиддияти нақшаҳоятонро барои ҳамкории тарафайн дар назари меҳмонон тасдиқ менамояд. Ва пас аз қисми кории мулоқот, баҳри мустахқам гардонидани муваффақияти бадастомада ба меҳмонон банкетро дар тарабхонаи яхт-клуб ё фуршетро бо саёҳати баҳрӣ ё дарёӣ пешниҳод кардан мумкин. Яхт-клуб ва худи яхта – инҳо барои гузаронидани вохӯриҳои тиҷоратии ҳар шакл шароити беҳтарин мебошанд. Дар ин ҷо омӯзиши кормандони шумо ва пас истироҳати якҷояро ташкил карда метавонед.
Ширкати мо ҷиҳати ташкил кардани истироҳати корпоративӣ ё гузаронидани музокироти тиҷоратӣ дар ҳар яхта ва дар ҳар кишвари ҷаҳон бо хушнудӣ кӯмак мерасонад. Чунин таътили корпоративӣ ба кормандони шумо хотираҳои ҳаяҷонбахш ва бардами наверо, ки дастаи шуморо барои дастовардҳои навбатӣ ҳидоят мегардонанд, тақдим менамоянд.
Барои фармоиш додани корпоратив дар яхта шакли зеринро пур кунед.