Агар дар бозори дуюмбора чизе муносибро пайдо карда натавонед, пас барои шумо сохтани яхтаи куллан наве, ки ба тамоми талаботҳоятон ҷавобгӯй аст, варианти ягона мебошад. Вале ин тадбир бо зарурияти ҳалу фасл намудани шумораи бузурги масълаҳои мушоиаткунанда вобаста мебошад.
Зимнан, ҳатто, ҳамту муайян кардани хоҳишҳои хеш бароятон душвор шуда метавонад. Шумораи каютаҳо, ҷойгиршавии эҳтимолии онҳо, вуҷуди мабразҳо дар ҳар яке аз онҳо, дизайнсозии интерер ва экстерери киштӣ, конструксияи тани киштӣ, масолеҳе, ки зимни сохтмон истифода мешавад, сифатҳои гашти тани киштӣ, таркиби дастгоҳи қуввадиҳанда ва бисёри дигарро бояд мустақилона фикру ақида кунед.
Ҳатто, агар аллакай баҳрнаварди таҷрибадор бошед ҳам, ба танҳоӣ вазифаҳои мазкурро ҳалу фасл кардан мушкил. Зеро, ба шумо ҳоло зарур аст, ки бо масъалаи вазнини ҷустуҷӯи верф машғул шавед ва бо киштисозон бидуни умеди сарфи маблағатон гуфтугузори хастакунандаро гузаронед.
Бо мақсади пешгирии қисми асосӣ аз миқдори бузурги иттилоот ва харҷи вақт, ба шумо брокери яхтавии санҷидашуда зарур мешавад, ки чунин ширкати Cofrance SARL (ScanMarine TM) аз Нитса мебошад. Брокери русзабони Фаронса буда, ширкати мо дар ҷодаи сохтмони яхта хизматрасониҳои гуногуни мушоиаткунандаро, аз лоиҳаи нақшавӣ сар карда ва то ба супоридани ниҳоии киштии тайёр ба фармоишгар, пешниҳод мекунад, дар зимни ин ҷараёни техникии сохтмонро ба пуррагӣ назорат мебарад ва тартиб додани ҳуҷҷатҳои киштӣ, минҷумла суғуртаро ташкил мекунад.
Боиси қайд аст, ки мутахассисони мо буҷети шуморо аз хароҷотҳои бариловае, ки аксаран бо сабаби надонистани тафсилоти киштисозии муосир ва тартибдиҳии ҳуҷҷатии дурусти яхта эмин дошта метавонанд.
Ба Cofrance SARL муроҷиат кунед ва яхтаи боҳашамат ва ҳузуру ҳаловати зиёдро аз ҷараёни бунёди он соҳиб мегардед!