Вақтҳои охир имконияти истироҳат кардан дар фазои боҳашаматро одами зиёд доранд. Ва ба ғайр аз истироҳати оддӣ дар меҳмонхонаҳои шаҳрҳои истироҳатӣ, одамон хоҳиши исироҳат кардан дар круизҳо дар баҳрҳо вад киштиҳои бароҳат доранд.
Баъзе аз ин намояндаҳои ҷамъиятҳо (ҳамонҳое, ки бойтаранд) алакай киштиҳои худро доранд ва худашон дар куҷо дафъаи оянда дар киштиашон истироҳатро қарор медиҳанд. Ва онҳое, ки сарфа кардан мехоҳанд, онҳо киштиҳои калонро ба иҷора мегиранд ва бо ин шукр мекунанд. Барои онҳо ин варинати бад нест, зеро ки бар ивази маблағи таносубан камтар онҳо метавонанд шароити хубтаринро ба даст оварда вақти худро хуш гузаронанд.
Ба иҷора гирифтани киштӣ чанд сум меистад?
Биёд аввал муайян кунем – маблағе, ки асосоан барои чартери киштӣ меравад, аз чи ташкил ёфтааст?
Хароҷотҳо
Аз рӯи бандҳо мебинем:
- Худи ба иҷора гирифтани киштӣ, маблағе, ки ба шумо ҳангоми мусоҳибаҳои аввалин номабр мекунанд, он ё дар сайтҳои профилӣ мебарояд. Аз ҷумла, дар Каталоги мо низ мебошанд. Ба ин маблағдохил мешаванд:
- ба иҷора гирифтани киштӣ;
- хизматрасонии экипаж;
- уҳдадориҳои экипаж;
- суғуртакунии киштӣ ва экипаж;
- Пардохти истгоҳҳо дар маринҳои давлатӣ, агар дар хатсайри шумо онҳо бошанд;
Ин шумора бисёри вақт аз ҳачми киштӣ, шарҳои истироҳат дар он, мавсим ва инчунин нав будани киштӣ вобастагӣ дорад. Яъне, чи қадаре, ки киштӣ куҳансол ва ҳаҷмаш хурд бошад, ҳамон қадар ба иҷора гирифтани он арзон мешавад. Инчунин агар киштӣ дар вақти мавсими паст ва инчунин барвақттар ба иҷора гирифта шавад, арзон мешавад. Одатан маблағи иҷораи киштӣ ба муддати круизи як ҳафтаина ҳисоб карда мешавад. Агар шумо киштиро ба муддати камтар иҷора гирифтан мехоҳед, ба шумо лозим меояд, ки арзиши онро ба 6 тақсим намуда ва онро ба шумораи шабонарӯзии иҷораи мегирафтаатон зарб занед. Ва ҳангоми иҷора гирифтани киштӣ ба муддати аз як ҳафта зиёдтар маблағ ба 7 тақсим шуда ба шумораи шабонарӯҳо зарб зада мешавад. Яъне дар ҳарду ҳолат маблағиҳархела мебарояд. Барои чи ин гуна “беадолатӣ”? Ин аз омода кардани киштӣ ба круиз вобастагӣ дорад. Яъне ба гуруҳ лозим мешавад, ки кӯшиши якхеларо дар ҳарду ҳолат ба роҳ монанд. Инчунин ба ин ҷо дохил мешавад, бозиси мачбурӣ байни чартерҳо.
- Хароҷотҳои вобаста
- зӯзишворӣ
- Озуқавории мусофирон;
- нӯшокиҳои спиртӣ ва ғайриспиртӣ барои меҳмонон;
- сӯзишворӣ барои катерҳо ва бозичаҳои обӣ;
- пардохт барои гузаштан ба воситаи каналҳо;
- пардохт барои истгоҳо дар соҳилҳои хусусӣ;
- шустушӯӣ;
- Ва дигар хароҷотҳои шахсии муҳоҷирон;
Ҳисоби ин гуна хароҷотҳо дар охири сайёҳат анҷом дода мешавад. Яъне ба маблағи аввалин метавонед бо ҷуръатона 30% дигар илова намоед.
- АБН
Кишварҳои бисёри дар иттиҳоди Аврупо буда ба қонунгузорӣ АБН ба мабла0и фрахт ворид намудаанд. Ба ғайр аз ин арзиши он вобаста ба кишваре, ки дар обоҳои он ва парчаме, ки бо он шумо ҳаракат менамоед, фарқ менамояд. Ба ҳисоби миёна ин ба арзиши чартер боз 10-20%-и дигар илова мешавад.
- “Барои чой” ба экипаж
Бенуқсонии истироҳати шумо инчунин меҳнати экипаж вобастагӣ дорад, ки онҳо кори беисти киштӢ, ҳаракати он ва хизматрасонии пурраи мусофиронро таъмин месозанд. Ва дар вакти круиз он кормандон амалан 24 соат дар хизмат мебошанд. Барои ҳамин сипозгузорӣ кардани онҳо барои меҳнаташон дуруст аст. Ҳаҷми маблағ “барои чой” фарқ менамояд. Дар Аврупо ин маблағ байни 5ғ10 %аз маблағи иҷора мебошад. Ва ҳангоми иҷора гирифтани киштӣ бар бандаргоҳҳои ИМА ва ҳавзаи Карибӣ ба маблағи – 10-20% аз маблағи умумии иҷораи киштӣ баробар мебошад.
- Баргардонидани киштӣ ба ҷойи аввала
Шумо хатсайри худро ҳуқуқ доред, ки вобаста ба имкониятҳои киштӣ муайян созед. Вале агар шумо қарор кардед, ки аз киштӣ на тар ҷойи таъиншуда фароед, омода бошед, ки хароҷотҳои баргардонидани онро пардохт намоед. Одатан ба ин маблағ харҷи сӯзишворӣ, ки барои ҳаракат кардан ба он макон сарф мешавад, ва иҷораи шумораи рӯзҳое, ки дар ин муддат киштӣ ба ҷояш (ё ягон ҷойи зарурии дигар) бармегардад дохил карда мешавад.
- Гарав
Шояд ки ин яке аз бандҳои хароҷот набошад, вале, ин маблағе мебошад, ки бояд барои ҳолатҳои ногувор ва бастани шартнома нигоҳ дошта бошем Соҳибони киштиҳои нав ҳамеша ба шартҳои асосӣ – гузаронидани гарав барои имконияти осеб расонидани моликият дохил менамоянд. Ин маблағ метавонад то 10-12 ҳазор евро барои киштиҳои калон (дарозиашон то 60 метр) баробар мешавад. Барои ҳамин, бояд ба ин гуна ҳолат омода бошед.
Ин хароҷотҳои асосии мебошанд, ки шумо бояд ҳангоми ба иҷора гирифтани киштӣ бояд сарф намоед.
Варианти сарфакорона
Агар шумо омодо нестед, ки ин гуна маблағи гаронро сарфт намоед, дар ин ҳолат хуб мешавад, агар шумо киштии майдаи 15-20 метраро иҷора гиред. Иҷораи ин гуна киштиҳо гарон нест. Одатан онҳо дар байни 1500-5000 евро дар як ҳафта ба иҷора дода мешаванд. Аз сабабе, ки барои киштиҳои хурд экипаж низ хурд аст, (баъзан он аз як-ду нафар иборат аст), хароҷотҳои барои экипаж низ он қадар гарон нест (таминан 150-200 евро дар як шабонарӯз). Боз хароҷотҳо барои хӯрокворӣ 200-300 евро барои як шахс ва хароҷотҳои иловагӣ тахминан 20-100 евро барои ҳар як мусофир мебошад.
Ҳашамат бар ивази маблағи хуб
Вале агар шумо барои истироҳати худ маблағро сарфа кардан намехоҳед, дар ин ҳолат меӣавонед, киштии дарозиаш аз 20 метр дарозтарро ба муддати як ҳафта дар мавсими паст ба маблағи аз 16000 евро (барои киштии дарозиаш 20 метр) то 600 000 ево барои киштии 60 метра дар вакти масиви баланд ба иҷора гиред. Боз ба ин маблағ арзиши хароҷотҳои иловагӣ ва фоизҳои мо дар боло овардаро илова месозем.
Мо нарху наворо муайян сохтем. Ввақти фармоиш додани киштӣ омадааст!
Ин корро аз ҳама хубтар бо ширкати ScanMarine TM (Cofrance SARL) кардан мумкин аст. Ин яке аз брокерҳои пешрафтатрини русзабон барои иҷораи киштиҳо мебошад. Шумо метавонед каталоги моро дида ба ин мутмаъин бошед. Кормандони ширкат бошанд, ба шумо барои интихоб кардани киштии ба шумо аз ҳам аз ҷиҳати маблағ ва ҳам аз ҷиҳати роҳатнокӣ мувофиқ кӯмак менамоянд ва ҳам кӯшиш мекунанд, ки истироҳати шумо ба афсона табдил гардад.