Яхтаҳои нав сохташуда ё бо гашт харидашуда ва, умуман, киштиҳои алллакай вуҷуддоштаро бо фарорасии мавсим ба ҷои қарордории минбаъдаашон бурда расонидан зарур. Ва амали мазкур хеле душвор аст. Вале, ба соҳибмулк, пеш аз ба вяжи дурудароз фиристодани киштӣ чиро донистанн лозим? Дар ин бора дар поён сухан хоҳем кард.
Чаро бо гашти худ не?
Дар аксари вақт ҷои қарордории соҳиби яхта (катер) аз верфи киштиҳо ё маҳали зимистонгузаронӣ назаррас дур мебошад. Зимнан, дарознокии саёҳати яхта тариқи роҳҳои обии кишварҳои гуногун бо гузаришҳо аз фарохии баҳрӣ (ҳатто, уқёнусӣ) метавон хеле бузург шавад ва, аз ин лиҳоз, барои сӯзишворӣ, кори экипаж ва фарсудашавии муҳаррикҳо (захираҳои онҳо басанда калон бошанд ҳам, вале беохир нестанд) хароҷотҳои барилова ба вуҷуд меоянд. Дар чунин ҳолат, интиқоли киштӣ тавассути хушкӣ дар бисёр вақтҳо варианти нисбатан ботезию камхарҷ шуда метавонад.
Суперяхта низ дар ин ҷодда фарқият надорад, махсусан агар онро ба материки дигар тавассути уқёнус бурдан даркор. Дар ин ҳолат барои интиқол киштиҳои махсусгардонидашудае, ки ба канори худ чандин воситаҳои баҳрнавардиро тоннажаашон гуногун қабул карда метавонанд, истифода мешаванд. Дар зимни ин, сарф барои сӯзишвории киштии мазкур ва, ҳамчунин, хароҷотҳо барои логистика, нисбат ба интиқоли яхта тариқи гашти худ маротибаҳо кам мешаванд.
Аз ин лиҳоз, хулоса дар бораи интиқоли киштӣ бо чунин роҳи оддӣ хеле манфиатдор ба ҳисоб меравад.
Оё суғурта зарур аст?
Албатта! Ҷараёни интиқоли яхта бо хатарҳои муайяни харобшавии он вобаста мебошад. Охир амалиёти мазкур роҳи табиии интиқоли киштӣ нест. Зиёда аз ин, яхта – ин бори калонҳаҷм мебошад.
Ва бо мақсади он, ки хатарҳои зикршуда ниҳоятан паст карда шаванд, шуморо зарур аст, ки суғуртаро ҳатман тартиб диҳед ва, ҳамчунин, дар шартномаи басташудаи интиқолдиҳӣ масъулияти тарафайн дар сурати ба вуҷуд омадани ҳодисаҳо бояд муқаррар карда шавад.
Фаромӯш набояд кард, ки на ҳама ширкатҳои суғуртавӣ дар чунин масъалаҳо поквиҷдонанд. Бинобарин, беҳтараш ин ки фақат ба идораҳои санҷидашуда муроҷиат кунед.
Моён, ширкати Cofrance SARL, аз тарафи худ, омода ҳастем, ки доир ба суғуртаи киштӣ номгӯи пурраи хизматрасониҳоро, минҷумла зимни расонидани хизматрасониҳои логистикӣ пешкаш намоем. Ҳамчунин, коршиносони мо, дар вуҷуди ҳолатҳои суғуртавӣ, барои шумо дастгирии ҳуқуқиро таъмин менамоянд.
Инак, кӣ мебарад?
Дар сурати сохтани киштии нав дар аксари вақт хизматрасонии интиқолдиҳиро худи киштисоз ба ӯҳдаи худ мегирад. Вале, бо мақсади сарфа, зимни интиқоли киштӣ аз ҷои зимистонгузаронӣ (ва дар дигар ҳолатҳо) соҳиби киштӣ хизматрасонии ширкатҳое, ки бо логистикаи борҳои калонҳаҷм машғул мебошанд, ҷалб менамояд.
Аммо, шумо ба он далел диққат бояд диҳед, ки на ҳама интиқолкунандагони мазкур таҷрибаи кашондани яхтаҳо ва коршиносони тахассуси заруриро доранд. Зеро ба кормандони интиқолкунанда дар ҳар ҳолати конкретӣ зарур мешавад, ки вазифаҳои муҳимеро, минҷумла доир ба хислатҳои физикӣ ва устувории киштӣ ҳалу фасл намоянд. Ҳатто тақсимоти оддии сарборӣ нисбати воситаи нақлиётӣ зимни боркунӣ ва ҳаракат аҳамияти калонро дорад.
Бинобарин, пеш аз бастани шартнома беҳтараш ин ки дар бораи интиқолкунанда ва таҷрибаи он дар ҷодаи интиқоли яхтаҳо зиёдтар маълумот гиред. Ҳамчунин, хуб мешуд агар худи нақлиёте, ки тавассути он киштии шумо вақти муайян саёҳат мекунад, низ санҷида шавад. Беҳтар аст, ки ин конструксияи худсоз не, балки воситаи нақлиётии махсусан адаптатсияшуда (дар бисёр ҳолатҳо бо ядакҳои қаиқкашоне, ки тавассути овезаи гидравликӣ фосиларо байни роҳ ва табақаи поёнии нақлиёт пасту баланд шуданро имконият медиҳанд) бошад.
Ва зимни интиқол додани яхтаҳо дар болои киштӣ дар штат ғаввосҳои касбиеро, ки хусусиятҳои васлкунии воситаҳои баҳрнавардиро дар канор аз худ кардаанд, доштан лозим.
Андозаи дақиқ аҳамият дорад
Зимни додани иҷозатномаи махсус барои бори калонҳаҷм, маълумот дар бораи андоза ва вазни яхта, ки онро соҳибмулки киштӣ бояд пешниҳод кунад, маротибаҳо санҷида мешавад. Ҳар як хатогӣ нисбати рақамҳо боиси ё муҷозоти ҷаримавӣ аз тарафи мақомотҳои иҷозатдиҳанда ё ҳолати суғуртавие, ки, албаттта, хушнудии зиёдро намебахшад, шуда метавонад. Бинобарин, зимни бастани шартномаи интиқол доир ба нишон додани андозаи бор ба хатогӣ роҳ додан лозим нест. Инчунин, бовари ҳосил кунед, ки интиқолкунанда барои санҷидани маълумотҳои шумо воситаҳою имкониятҳои марбутаро дорад.
Хатсайрро донистан лозим
Яхтаи интиқолшаванда мулки шумо мебошад ва шумо ҳуқуқ доред, ки дар бораи ҷои дақиқи қарордории он маълумот дошта бошед. Бинобарин, зимни бастани шартнома беҳтараш ин ки масъалаи мувофиқаткунии хатсайри интиқоли киштӣ (бо ҷойҳои таваққуф ва фурорию боркунии эҳтимолӣ ба дигар намудҳои нақлиёт) ва системаҳои мониторинги ҷараёни мазкур баррасӣ карда шаванд.
Бисёр ширкатҳои логистикие, ки худро ҳурмат мекунанд, кӯшиш мекунанд, ки мизоҷи хешро дар бораи ҳаракат кардани бор маълумот диҳанд ва ба ин хотир, ҳатто, видеомониторинг ва пахши онлайнро муддати тамоми хатсайр ташкил мекунанд.
Яхтаи хешро ба ҷои нав интиқол додан / бурдан мехоҳед? Пас бо мутахассисони мо тариқи чат (дар поён аз тарафи рост) ё тавассути ҳар телефонҳо, ки дар қисми болоии сомонаи мо оварда шудаанд, тамос кунед. Дар ин ҷода мо ба шумо кӯмак расонида метавонем.