Суғуртаи киштиҳо дар зимни нархи баланди онҳо ҳангоми истифодабарӣ ҳифзи боэътимодро аз ҳаргуна хатарҳо таъмин менамояд. Ширкати «Кофранс» доир ба суғуртаи яхтаҳо, катерҳо ва дигар намудҳои киштиҳо хизматрасонӣ мекунад.
Тартиботи умумии суғуртаи воситаҳои баҳрнавардӣ
Шартҳои умумии суғуртаи киштиҳои баҳрнавардӣ ба қоидаҳое, ки аз ҷониби Институти суғуртакунандагони Лондон таҳия карда шудаанд ва онҳоро тамоми давлатҳо риоя мекунанд, такя менамояд.
Қоидаҳои универсалӣ як чанд намудҳои суғуртаро пешбинӣ менамоянд:
- бо масъулият барои кулли хатарҳо. Ҳатарҳое, ки зери шарти «ҳамаи хатарҳо» фаромада наметавонанд, пешбинӣ карда намешаванд;
- бо масъулият барои садамаҳои хусусӣ. Суғуртаи киштиҳои баҳрнавардӣ дар асоси номгӯйи устувори хатарҳое, ки барои инҳо суғуртакунанда ҷавобгар аст, иҷро карда мешавад;
- бидуни масъулият барои харобиҳои бардошташуда, ба истиснои ҳодисаҳои садамавӣ.
Қоидаҳои суғуртаи нақлиёти обӣ
Суғуртаи нақлиёти баҳрнавардӣ дар ширкати Cofrance ба қоидаҳои асосие, ки дар таҷрибаи ҷаҳонӣ амал карда истодаанд, такя менамояд. Ба қоидаҳои мазкур инҳо тааллуқ доранд:
- амалии франшиза. Он суғурташавандаро водор менамояд, ки нисбати киштии суғурташуда зиёдтар ва хубтар нигоҳубин кунад. Суғуртакунандаро аз пардохти талофи ночиз озод мекунад;
- имконияти тағӣир додани шартҳои суғуртавӣ. Дар сурати ворид кардани дигар намудҳои хатарҳо ба шартномаи суғуртаи киштии баҳрнавардӣ иҷро карда мешавад;
- нишон додани минтақаҳое, ки воридшавии киштӣ ба онҳо аз ҳуқуқи подоши суғуртавӣ маҳрум мегардонад;
- баргардонидани қисми подоши суғуртавӣ ба суғурташаванда, агар киштӣ муддати зиёда аз як моҳ дар бандари бехатар қарор дошт;
- дар сурати ба вуҷуд омадани ҳолатҳои суғуртавӣ ҳамаи хароҷотҳо аз ҷониби суғурташаванда бардошта мешаванд ва, танҳо пас аз ин, онҳо аз тарафи суғуртакунанда подош карда мешаванд;
- пеш аз бастани шартномаи суғуртаи киштӣ, суғурташаванда вазифадор аст, ки ба ихтиёри суғуртакунанда тамоми иттилоотеро, ки барои баҳогузории дараҷанокии хатари хеш зарур мешавад, пешниҳод намояд.
Суғуртаи катерҳо ва яхтаҳо дар ширкати «Кофранс»
Cofrance дар ҷодаи суғуртаи киштиҳои камҳаҷм ба шахсони инфиродӣ (гражданҳо ва ғайрирезидентҳои Фаронса) ва ширкатҳо хизматрасонӣ мекунад. Суғуртаи яхтаҳо ва катерҳо тибқи барномаҳои индивидуалӣ амал шуда метавонад. Мӯҳлати суғурта бо мизоҷон мувофиқат карда мешавад.
Полиси суғуртавӣ ба мӯҳлат ё ба рейс тартиб дода шуда метавонад. Мӯхлат муддати гуногунро – то ба як сол ва зиёда аз ин дар назар дошта, ба ғайр аз давраи истифодабарии фаъолона, вақтеро байни навигатсияҳо, минҷумла таваққуф дар марина, интиқолдиҳӣ тавассути нақлиёти рӯизаминӣ, фурорӣ / барорӣ ва ҳ. дарбар гирифта метавонад. Зимни суғуртаи катер ё яхта ба рейс (рейсҳо) суғуртакунанда барои вақт байни оғози ҳаракат аз як бандар то ба басташавӣ дар дигар бандар ҷавобгар мебошад.
Аз кадом хатарҳо «Кофранс» суғурта мекунад
Хатарҳое, ки ба шартномаи суғуртаи киштиҳо дароварда мешаванд, бо қоидаҳои Институти суғуртакунандагони Лондон пешбинӣ карда шудаанд. Ба рӯйхати ибтидоӣ инҳо медароянд:
- харобиҳое, ки зимни истифодабарӣ ба вуҷуд омаданд. Варианти оптималӣ бо имконияти гирифтани пардохтҳои максималии суғуртавӣ;
- шикастҳое, ки зимни таваққуф бардошта шудаанд. Суғуртаи аз ҳама арзоне, ки берун аз акваторияи марина амал намекунад;
- масъулияти гражданӣ нисбати дигар соҳибони яхтаҳо. Дар шароити ҷобаҷогузории танги киштиҳо дар назди бандарҳои таваққуфӣ ҳимоя мекунад.
Ҳар як гурӯҳи ибтидоии хатарҳо ба шумораи бисёри хавфҳои конкретӣ тақсим мешавад ва онҳо дар шартномаи суғуртавӣ бояд дуруст навишта шаванд.
Ба нархи суғурта чӣ таъсир мерасонад
Нархи суғуртаи яхтаҳо / катерҳо ба таври маҷмӯъӣ ҳисобида мешавад. Он барои ҳар як мизоҷ индивидуалӣ мебошад. Омилҳои асосие, ки ба тарофаҳои суғуртавӣ ва нархи ниҳоии суғуртавӣ таъсир мерасонанд, зеринанд:
- маблағе, ки ба он яхта суғурта карда мешавад;
- шумораи хатарҳои суғурташаванда;
- миқдори франшиза аз рӯи фоизҳо нисбати маблағи суғуртавӣ;
- мӯҳлати амалии суғурта;
- намуди киштӣ, ҳолати он (конструксия, соли барориш, масоҳат, таҷҳизотонишавӣ ва ҳ.).
Чӣ қадар нархи яхта / катер зиёд бошад, ин қадар полиси суғуртавӣ гарон мешавад.
Бо фармоиш барои суғуртаи киштиҳо ба «Кофранс» муроҷиат кунед, суғуртаро ба таври онлайн фармоиш диҳед. Ҳуқуқшиносон ва иқтисодчиёни ширкат интихоб кардани барномаи оптималиеро, ки кафолати подоши зарари эҳтимолӣ мегардад, кӯмак мерасонанд.
© 2019 Cofrance SAR