Харитаи ҳаракати киштиҳо – сервиси беназиртарине, ки мақсади он бурдани назорат аз болои киштиҳои баҳрпаймоӣ дар вақти воқеъӣ мебошад. Ба асоси технологияи чунин мониторинги ҳаракати киштиҳо базаи муфассали хабарҳо оид ба ҳамбастагии параметрҳои зерин гузошта шудааст:
– андозаи киштӣ;
– идентификатсияи он;
– суръат ва самти ҳаракат.
Бо ин мақсад ба мадори наздизаминӣ дастгоҳҳои бисёршумораи кайҳонӣ бароварда шудаанд, ки аз болои киштиҳо назорат мебаранд ва иттилооти муфассали қабулгардидаро ба истгоҳҳои рӯизаминӣ мефиристанд. Фақат бо мониторинги ҳаракати баҳрпаймоӣ машғул шуда истода, имрӯз зиёда аз 10 дастгоҳҳои мадорӣ гирди Замин чарх мезананд. Дар натиҷаи кори мурраттаби системаҳои кайҳонӣ харитаи интерактивӣ пайдо гардид, ки тавассути он ба таври онлайн бурдани назорат аз болои киштиҳо тадбирӣ одатӣ шудааст.
Маълумотҳои воридшаванда дар вақти воқеъӣ нав карда мешаванд, аммо андармонии тахминан 60 дақиқаи ҷараёни супоридану қабули иттилоот дар бораи ҳаракати киштиҳо аз эҳтимол дур нест. Чунин номутобиқатҳо дар он сурат ба вуҷуд меоянд, ки агар киштиҳо берун аз минтақаи қабул / супоридани бонги радиф хориҷ мешаванд. Ҷиҳати ниҳоятан паст кардани чунин ҳолатҳои ногувор, ба хотири расонидани кӯмак ба давлатҳои манфиатдор (ки ба баҳр / уқёнус баромада метавонанд) дастгоҳҳои радифии кайҳонӣ барпо карда шудаанд, ки бо АIS (СИА, яъне: системаи идентификатсиякунонии автоматикӣ, ҳол он, ки вақтҳои охир ин калимаи мураккаби мухтасаршуда чун системаи автоматикии иттилоотӣ шарҳ дода мешавад, зеро дар ҷодаи технологияҳои муосири кайҳонӣ аҳамияти асосӣ ба вазифаҳои иттилоотӣ зоҳир дода мешавад) таҷҳизотонида шудаанд.
Мақсади таҳияи Automatic Identification System дар соли 2000 ин зарурияти ҷиддии бавуҷудомада баҳри пешгирӣ кардани бархӯриҳои киштиҳои флоти ҷаҳоние буд, ки бо тезӣ афзуда истода буд. Фақат киштиҳои зарфияташон зиёда аз 100 тонн ҳар сол ба 3 000 ҳазор адад бисёртар мешаванд ва ба ҳисоби оморӣ гирифтани ҷараёни афзоишшавии шумораи «планктон»-и нисбатан хурди баҳрнавардӣ аллакай имконнопазир мебошад.
Дар фарохии уқёнуси ҷаҳонӣ рӯ ба рӯ шуда, на ҳамаи вохӯриҳо дар масофати бехатар баргузор мегарданд. Таҷриба аз он шаҳодат медиҳад, тариқи радарҳои одатӣ мушкилии мазкурро мусбӣ ҳалу фасл кардан номумкин аст.
Бо мақсади ниҳоятан паст кардани хатари бархӯриҳои баҳрнавардӣ Ташкилоти байналмилалии баҳрӣ ҷиҳати васл намудани СИА намудҳои зерини нақлиёти баҳрнавардиро вазифадор намуд, то ки назорати онлайн аз болои киштиҳо имконпазир гардад:
– киштиҳои боркаши зарфияташон зиёда аз 500 тонн;
– «боркашонон» дар рейсҳои байналмилалии зарфияташон зиёда аз 300 тонн;
– ҳамаи киштиҳои мусофиркаш бидуни қайди зарфияти тоннажӣ.
Инак модули киштии AIS, ки назоратро аз болои киштӣ бояд осон гардонад, бо худ чӣ аст? Ин қабулкунанда – фиристандаи доираи МУК-е, ки бо системаҳои киштиронии киштиҳо вобаста мебошад. Ҳар як 2-10 сония (марбут ба суръати ҳаракат) ё ин ки пас аз ҳар 3 дақиқа дар реҷаи таваққуф он иттилооти зерини динамикии канориро мефиристад:
– координатаҳои ҷорӣ;
– статуси киштиронӣ («тариқи муҳаррик мавриди ҳаракт қарордошта», «лангар андохта»);
– рақами идентификатсиякунандаи MMSI;
– суръат ва самт;
– аломати вақти дақиқ.
Барилова ба аломатҳои динамикӣ, мунтазам (вале нисбатан аҳёнан, ҳар як 6 дақиқа), чӣ тавре, ки назорат аз болои киштиҳо дар вақти воқеъӣ бурда мешавад, иттилооти статикӣ фиристонида мешавад:
– рақами идентификатсияи киштӣ IMO;
– намуд ва номи он;
– нидои радио ва андоза;
– шакли системаи позитсиокунонӣ (ГЛОНАСС, GPS, LORAN);
– маълумот дар бораи хатсайр;
– дараҷаи бор ва нишасти киштӣ;
– вуҷуд ва шумораи одамон дар канор.
Ҳамчунин, дар сурати вуҷуди хатар нисбати бехатарии киштӣ, имконияти дастакӣ даровардани матн пешбинӣ карда шудааст.
Системаи идентификатсиякунандаи автоматикӣ зимни бурдани назорат дар вақти воқеъӣ аз қисмҳои таркибии зерин иборат мебошад:
– фиристандаи МУК (УКВ);
– қабулкунандаи МУК (УКВ);
– қабулкунандаи киштиронии радифӣ-глобалӣ;
– дастгоҳҳо барои ворид – хориҷ кардани иттилоот;
– антеннаҳо (дурии қабулу / супоридани иттилоот аз баландии васлшавии онҳо вобаста буда, аҳамияти ҷиддиро дорад ва ба рақамҳои назаррас баробар шуда метавонад: аз 15-20 то ба 40-60 мил, дар сурате агар дар наздикӣ истгоҳи ибтидоие вуҷуд дошта бошад, ки диапазони мушоҳидашавандаро зиёд кунад).
Тамоми иттилооти воридшаванда дар монитори компутер ё харитаплоттер дар шакли графикии рамзҳое, ба болои харита гузошта мешаванд, ё дар шакли ҷадвал инъикос карда мешавад. Дар ҳолати мо – ин трафики маринаи назораткунӣ аз болои киштиҳо дар вақти воқеъӣ мебошад.
Лекин агар бо кадом сабабҳо мавқеъи киштиҳо дар харита инъикос карда намешавад, пас эҳтимолан:
– киштӣ дур аз истггоҳи ибтидоӣ қарор дорад;
– киштӣ бо системаи СИА таҷҳизтонида нашудааст ё он корношоям аст;
– маълумотҳо бо сабабҳои бехатарӣ рӯйпӯш карда шудаанд;
– иқтидори транспондер аз меъёри лозимӣ паст мебошад.
Шумораи якбора афзоишёфтаи киштиҳои хурди баҳрнавардӣ боиси пайдоиши рағбати соҳибмулкони онҳо нисбати таъминкунии бехатарии хеш гаштааст, бинобарин бо СИА таҷҳизотонидани киштӣ назорати яхтаҳоро боз ҳам босифату пурсамар ва осонтар мегардонад.
Дар харитаи пешкашгардида шумо киштиҳоро дар вақти воқеъӣ, бо мушоиат бо забони русӣ, назорат карда метавонед. Дар ин ҷо шумо, ҳатто, ҳаракати яхтаи худро зимни круизи қадқадди соҳили баҳрӣ назорат карда метавонед – ин хеле қулай аст.