Диқққат тӯфони ҳорра! Донистан зарур
Барои соҳибмулкӣ яхтаро харида (новобаста аз намуд ва андоза), шумо бояд дарк кунед, ки он аз ба тӯфон дучор шуданаш, ки боиси харобшавии модии киштӣ шуда метавонад, эмин карда нашудааст.
Омили мазкур махсусан дар он сурат аҳамият дорад, ки агар яхтаи шумо дар минтақаҳои ҷиҳати эҳтимолан пайдо шудани тӯфонҳо хатаровар мебошанд ҳаракат хоҳад кард.
Минтақаҳои зикршуда чӣ гунаанд ва, ҳамчунин дар куҷо ва дар кадом вақт тӯфон пайдо мешавад?
Сабаби пайдоиши тӯфоне, ки ба тандбод табдил ёфта метавонад, нисбатан оддӣ аст – муддати давраи тобистон сатҳи обии уқёнусҳо дар маҳали хати истиво сахт гарм мешавад, пас моеъ, бухор гардида, ба боло ҳаракат мекунад ва ҳавои хушкро ба поён фишор дода мебарорад. Ҳавои нам боло баромада, рутубатро гум мекунад ва пас боз ба поён мефарояд, то ки суръат гирифта, аз нав моеъро ба худ кашида ва қабатҳои болоӣ тез равон шавад. Тӯдаи ҳавои нам пай дар пай ба маркази ташкилаи нави абрӣ (ба ном чашми тӯфоне, ки тавассути деворҳои он ҳавои нам ба боло мебарояд) равон мешавад ва шамол пурзӯр гардида, ниҳоят суръат мегирад. Дар натиҷа тӯфон ба вуҷуд меояд.
Чӣ тавре, ки шумо мушоҳида карда тавонистед, барои пайдоиши тӯфон ду шарти муҳим– вуҷуди миқдори калони оби гарм ва фаровонии нурҳои офтоб, ки сатҳи баҳриро гарм карда метавонанд, зарур мебошанд. Аз ин лиҳоз, барои пайдоиши падидаи мазкури табиӣ хати истиво ва минтақаҳои ҳорра беҳтаринанд. Маҳз онҳо ба тӯфонҳое, ки дар боло моина карда мешаванд, номи – тӯфони ҳорраро тақдим намудаанд.
Асосан муддати як сол дар минтақаҳои ҳорра тахминан 80-86 тӯфон пайдо мешаванд, ки аз онҳо 40 то ба қувваи тандбод пурзӯр шуда, бистаашон то ба дараҷаи се ва боло аз ин тибқи ҷадвали Саффир — Симпсон (нишондоди ниҳоӣ – 5) расида метавонанд
Тӯфонҳо вобаста аз суръати шамоле, ки дар дохили тӯфон талотум мекунад, классификатсия шуда, ҷудо мегарданд:
- 60-120 км/с – тӯфони одатии ҳорра;
- 120-150 – 1 дараҷа;
- 150-180 – 2 дараҷа;
- 180-210 – 3 дараҷа;
- 210-250 – 4 дараҷа;
- ва зиёда аз 250 км/с – 5 дараҷа.
Ҳамаи инҳо на танҳо бо шамоли сахт, балки мавҷҳои баланд ва боришҳои шадид ҳамроҳ рӯй медиҳанд. Агар тӯфон то ба хушкӣ бирасад, вайроншавиҳои пешбининашуда ва зарари моддӣ ба вуҷуд меоянд. Ва, албатта, яхта, ки тӯфони шадидро дучор шудааст, зарари ҷиддиро бардошта метавонад. Бинобарин хеле муҳим аст, ки дар бораи ҷой ва вақти ташаккул ёфтани тӯфон ва дараҷаи он тибқи ҷадвали дар боло овардашуда маълумот дошта бошед.
Мо бошем, дар навбати худ, кӯшиш ба харҷ медиҳем, ки дар ин ҷода ба шумо кӯмак расонем. Ба туфайли сервиси мо, шумо доимо ҷои қарордории тӯфонро дар харита ба таври онлайн дида, назорат карда метавонед.
Самти ҳаракати тӯфонро назорат карда истода, шумо фавран қарору хулоса карда, хатсайрро тағӣир медиҳед ва аз роҳи ҳаракати падидаи мазкури табиӣ дур шуда, дар маринаи қулай ва бехатар паноҳ ёфта метавонед.
Донистан шавқовар аст!
Чаро ба тӯфонҳо номҳои одамонро мебахшанд?
Нахустин маротиба додани номҳоро ба тӯфонҳо метеоролог аз Австралия Клемент Рагг оғоз намуда буд, ки барои ин номҳои он вакилоне истифода мебурд, ки ба хотири додани қарзҳо барои таҳқиқи метеорологӣ дар порлумон овоз намедоданд.
Пас, дар вақти Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ сарнишинони амрикоӣ ба тӯфонҳо номҳои занҳояшон (дугонаҳо ё ҳамсарон)-ро тақдим мекарданд. Ин равия ба анъана гардида, аз соли 1953 расмӣ шуд. Ва аз соли 1979 ба тӯфонҳо додани номҳои мардиро низ сар кардаанд.
Ба тӯфон ба он шарт ном тақдим дода мешавад, ки агар суръати он аз 64,2 км/с мегузарад.
Онро дар асоси алифбои лотинӣ, оғоз аз ҳарфи А ва ба поён ҳаракат карда, интихоб менамоянд. Зимнан, баъзе ҳарфҳо истифода карда намешаванд, зеро бо онҳо ягон номи одам оғоз намеёбад.
Шаш рӯйхатҳо бо 21 ном дар ҳар яктоаш вуҷуд доранд. Як рӯйхат як сол тӯл мекашад. Инак, муддати 6 сол рӯйхатҳоро иваз медиҳанд ва пас аз ин боз ба якӯмаш бармегарданд. Вале агар тӯфон боиси қурбониҳо ва вайроншавиҳои бузург гардида бошад, номи мазкурро аз рӯйхат хориҷ мекунанд.
Дар ҳар ҳолат, новобаста аз ном ва иқтидори тӯфон, бо мақсади ниҳоятан паст кардани талафоти хеш дар сурати хароб гардидани киштӣ, шуморо ҳатман зарур аст, ки яхтаро суғурта кунед. Инро ба шумо мутахассисони ширкати ScanMarine TM (Cofrance SARL) кӯмак мерасонанд.