Санаи 28 марти соли 2019 меҳмонхонаи Hilton Malta, ки бевосита дар паҳлӯи маринаи яхтавии Portomaso дар наздикии Валлетта мавқеъ гирифтааст, конференсияи «Opportunities in Superyachts»–ро қабул менамояд, ки онро намояндагони ширкатҳои пешсафи соҳаи яхтавӣ, минҷумла Scanmarine TM (Cofrance Sarl), ташриф хоҳанд овард.
Конференсияи ҳарсолае, ки маротибаи 7-ӯм гузаронида шуда истодааст, аллакай чун воқеъаи муҳими соҳаи суперяхтаҳо маҳсуб ёфтааст. Ҳар сол ба ин ҷо намояндагони маъруфи соҳаи яхтасозӣ, ширкатҳое, ки ба маблағгузорӣ, суғуртакунӣ, иҷораи яхтаҳо, муҳофизати онҳо, андозбандӣ, дизайнкашӣ ва ҳ. тааллуқ доранд, ҷамъ мешаванд.
Зимнан мавзӯъҳои масъалаҳое ҳангоми чорабинӣ баррасишаванда хеле васеъ мебошанд. Чунончӣ, проблемаҳои зерин мавриди муҳокима қарор хоҳанд гирифт:
— таъсири Brexit ва дигар воқеъаҳои геосиёсатӣ ба соҳаи суперяхтаҳо;
— шароити нави бозори суғартукунии яхтаҳо;
— таъмири мегаяхтаҳо – афзалиятҳои мизоҷон;
— муқоисаи тарофаҳои таваққуфгоҳҳо дар Малта ва Испания, раванди афзоиши нархҳо;
— андозбандии суперяхтаҳо;
— муқоисаи бозорҳои суперяхтаҳо нисбат ба ҷетҳои тиҷоратӣ, вобаста ба конференсияи авиатсионии Malta Business Aviation, ки санаи 27 март баргузор мегардад ва дар сомонаи соҳавии мо aviav.ru тасвир дода шудааст;
— муқоисаи бозори чартерҳои авиатсионӣ нисбат ба бозори яхтаҳои чартерӣ;
— Оё соҳаи яхтавӣ ба эҳтиёҷи бозорҳои инкишофшудаистода адаптатсия мешавад ё не?
— технологияҳои нав, хатарҳои нав: киберамният, блокчейн;
— ва бисёри дигар.
Боиси қайд аст, ки ширкати Scanmarine TM (Cofrance Sarl) спонсор – таъминкунандаи иттилоотии конференсияи Opportunities in Superyachts маҳсуб меёбад ва дар чорабинии мазкур иштирок хоҳад кард. Бинобарин дар вуҷуди хоҳиши муҳокимаи масъалаҳои тиҷоратӣ бо намояндагони ширкат тавассути телефони +33 629-961-135 (Viber, WhatsApp, Telegram) бо мо тамос кунед.