Соҳили Лоҷвардӣ ҷои писандидаи аксарият яхтанавардон аст. Яхтинг як қисми тарзи ҳаёти осоишгоҳҳои минтақаи ҷанубии Фаронса ба ҳисоб меравад. Дар ҳар як шаҳри Ривера шумо маринаҳоро пайдо карда метавонед, ки дар дохили онҳо киштиҳои гуногун – аз катамаранҳои хурд то ба яхтаҳои бузурги боҳашамати дараҷаи люкс ҷойгир карда шудаанд. Соҳили Лоҷвардӣ – ҷои олиҷаноб барои саёҳат тавассути яхта ҳам барои навёдгирифтагон, ҳам барои яхтанавардони касбӣ мебошад. Баҳри миёназаминӣ ҷиҳати сайру гашти баҳрпаймоӣ ва саёҳатҳои ҳамбастабуда ба шаҳрҳои хати соҳилӣ, ба шумо имконияти беназирро тақдим менамояд.
Агар хоҳед, ки яхтаро дар Фаронса ба иҷора гиред, пас ширкати Cofrance SARL доир ба ин масъала ба шумо кӯмак мерасонад. Сайру гашти фаромӯшнопазири баҳрпаймоиро дар Соҳили Лоҷвардии Фаронса ва Монако ҳам яхтанавардони таҷрибадор, ҳам шахсоне, ки чунин саёҳатро нахустин ба нақша гирифтаанд, ташкил карда метавонанд.
Идораи Cofrance SARL дар Фаронса дар Нитса мавқеъ гирифтааст. Шумо метавонед яхтаро барои саёҳат аз номгӯи васеъи пешниҳодҳо интихоб кунед. Ширкат ниёзи ҳар яхтанавардро қонеъ карда метавонад. Дар ихтиёри Cofrance SARL яхтаҳои бодбондор ва муҳаррикдори дараҷаи люкс ва, ҳамчунин яхтаҳои хурд барои сайру гаштҳои яхтавӣ қарор доранд. Яхтаҳо аз гӯшаю канори гуногуни Соҳили Лоҷвардӣ ба роҳ даромаданро омода мебошанд. Шумо яхтаро дар Монако, Канн, Нитса ба иҷора гирифта метавонед. Агар баҳрнавардии зиёд дар нақшаи шумо мавҷуд нест, пас чартери яхта дар Фаронса, нисбат ба харидани яхтаи хусусӣ, барои шумо роҳи беҳтарин дониста мешавад.
Афзалияти иҷораи яхта аз он иборат аст, ки шумо ҷиддан ҳар яхтаро интихоб карда метавонед ва дар бораи интиқол ва нигоҳубини он ташвиш кашидан лозим нест. Барои бароҳатии зиёдтар экипажи касбиро киро кардан мумкин, ки он тамои мушкилиҳои саёҳатро бар зиммаи худ мегирад. Яхтнавардони ботаҷриба имконият доранд, ки барои баҳрнавардӣ дастаро мустақилона таъсис диҳанд ё фақат аъзоёни алоҳидаи экипажро киро намоянд.
Шумо ҳар хатсайрро бо таваққуф дар ҷойҳое, ки ташриф овардани онҳоро хоҳиш доред, ба нақша гирифта метавонед. Шумо имконият доред, ки ҳамаи ҷойҳои тамошобоби Соҳили Лоҷвардиро ташриф фармоед, бо табиати хушманзар шинос шавед, дар пляжҳои беҳтарин вақтро гузаронед, дар халиҷҳои серхарсанг лангар андозед. Яхтаро барои чанд мақсадҳо – ба саёҳати дурмасофати баҳримиёназаминӣ сафар кардан, дар баҳр сайру гашт намудан, ба моҳигирии баҳрӣ баромадан, ба иҷора гирифтан мумкин.
Баҳри миёназаминӣ аз моҳии гуногун бой аст, ки ин далел моҳигиронро аз тамоми ҷаҳон ҷалб менамояд. Дар ин ҷо саморис, зағутамоҳӣ, хамса, пеламида, самаки кабуд ва гулмоҳӣ зиёд мушоҳида мешавад. Моҳиро ҳам аз соҳил, ҳам дар дохили баҳр гирифтан мумкин. Ба туфайли фаровонӣ моҳии калонро дар дохили баҳр амалан аз ҳар ҷуқурӣ гирифтан хеле имконпазир аст. Барои моҳигирии баҳрӣ асбобу анҷом ва хӯр-хӯраки моҳиёни махсус зарур мешаванд, ки онҳоро дар мағозаҳои махсусгардонидашуда дар шаҳрҳои наздисоҳилӣ харидан мумкин. Барои моҳигирии бомуваффақият умқсаиҷ (эхолот) кӯмак расонида метавонад. Барои моҳигирӣ дар ҷои ношинос ин асбоби хеле фоидаовар мебошад. Моҳигирӣ дар Баҳри миёназаминӣ воқеъан ҳам шавқовар аст, дар ин ҷо шумо ғанимати беҳтарини хешро аз об бароварда метавонед. Ташкили моҳигирии баҳриро ба шумо ширкати Cofrance SARL кӯмак мерасонад. Коршиносони ширкат барои моҳигирӣ хатсайрро ташкил мекунад, интихоби катери лозимиро ёрӣ мерасонанд ва, ҳамчунин, асбобу анҷоми заруриро дастрас мекунанд.
Хусусияти ашрофонаи Соҳили Лоҷвардӣ – ин ҳаёти гуногунранги маданӣ ва ҷамъиятӣ маҳсуб меёбад. Саёҳатро дар гирди оила, бо ҳайати дӯстони наздик гузаронидан мумкин. Иҷораи яхтаҳо барои ташкил кардани тӯйи арӯсӣ, гузаронидани моҳи асал, ҷашнҳои гуногун ва шабнишиниҳои хусусӣ машҳур шудааст. Шумо имконият доред, ки чорабиниҳои сатҳи умумиҷаҳонӣ – Фестивали Канн, Гран-при «Формула-1»-еро, ки ҳар сол дар Соҳили Лоҷвардӣ гузаронида мешаванд, ташриф фармоед.
Истироҳат дар болои яхта – ин ҳиссиёти беназири озодии ҳаяҷонбахш ва бароҳатии эксклюзивӣ мебошад. Ширкати Cofrance SARL ҷиҳати интихоб кардани яхтаро, ки ба талаботи шумо нисбати бароҳатӣ, нарх, суръат ва мақсади асосии баҳнавардӣ пурра ҷавобгӯ аст, кӯмак мерасонад.