Истироҳат дар болои об то ба ҳол маъруфияти худро гум накардааст, бинобарин шумораи хоҳишмандони харидани яхта афзуда истодааст. Ҳамчунин, пешниҳодҳои фурӯши воситаи баҳрнавардӣ низ зиёд шуда истодаанд. Соҳиби киштӣ нархи муайянеро ҳамту муқаррар намуда, харидори худро интизор шуда метавонад. Вале, барои кашола надодани ҷараёни мазкур, ба Cofrance SARL муроҷиат кунед. Асосгузори ширкат, ҷиҳати пайдо намудани харидори яхта, омода аст, ки хизматрасонии хешро ба шумо пешкаш намояд. Шиори ӯ чунин аст: «Бо шарти фоидаовар яхтаро мефурӯшам».
Аз хизматрасонӣ оид ба фурӯши яхтаҳо мизоҷ чиро интизор аст
Аксаран соҳибони воситаҳои баҳрнавардӣ киштиҳои хешро ронда метавонанд, аммо дар бораи бозори фурӯшӣ умуман тасаввурот надоранд. Ва дар чунин ҳолат ба фиреби қаллобон дучор шуда ё пас аз созиш маблағи нокифояро гирифта метавонанд. Аз ин лиҳоз, агар ба Cofrance SARL муроҷиат намоед, шуморо шахсе, ки масъалаҳои фурӯши яхтаҳоро хуб мефаҳмад, тарафдорӣ мекунад. Мутахассис ҷиҳати бо тезӣ ва тибқи шарти фоидаовар фурӯхтани воситаи баҳрнавардӣ кӯмак мерасонад. Созиш бидуни иштироки далолон мегузарад, бинобарин фурӯшанда маблағи арзандоро интизор шуда метавонад.
Намояндаи Cofrance SARL воситаҳои баҳрнавардиро ҳаматарафа аз худ кардааст ва медонад, ки чиро ба кӣ пешниҳод кардан лозим.
Муайян кардани нархи бомантиқ
Вақте, ки мизоҷ ба хулоса меояд, ки: яхтаи бодбондорро мефурӯшам, ба ӯ муайян кардани нархи бомантиқи он аксаран душвор мегардад. Бо чунин масъала беҳтараш ба мутахассиси Cofrance SARL ё ширкати нархгузорӣ муроҷиат карда шавад. Нархи киштӣ аз ҳолати умумӣ, дараҷа ва андозаи он вобаста мебошад, ҳамчунин, зеринро баҳогузорӣ кардан лозим:
- саҳн;
- бадана;
- муҳаррик;
- вуҷуд / вуҷуд надоштани қисмҳои эҳтиётӣ;
- дастгоҳҳои махсус;
- дизайн;
- бароҳатӣ.
Чӣ тавре таҷриба шаҳодат медиҳад, бо фоидаи ниҳоӣ мустақилона фурӯхтани яхта душвор аст. Аммо, бо дастгирии коршиносон ин амал имконпазир мегардад.
Стратегияи фурӯши бомуваффақият
Таҳкурсии стратегияи фурӯши киштӣ ин реклама мебошад ва дар масъалаи мазкур бидуни имкониятҳо ва алоқаҳои муайян ба натиҷаҳои дилхоҳ ноил гаштан мумкин нест. Танҳо як эълон бо сарлавҳаи: «Яхтаи ИШ-ро мефурӯшам» кам аст, зарур дониста мешавад, ки стратегия таҳия гардад ва малакаҳои муайян аз худ карда шаванд.
Чораҳои зеринро амалӣ бояд кард:
- муросилоти почтавӣ;
- омода намудани пешниҳоди рекламавӣ;
- пайдо кардани базаи харидорони эҳтимолӣ.
Агар соҳибмулки яхта ба доираи муайян дастрасӣ надошта бошад, ба ӯ тадбирҳои зикршударо амалӣ кардан душвор аст. Вале асосгузори Cofrance SARL имкониятҳои зиёдтар ва шиносони бисёртареро дар бозори рохариду фурӯши воситаҳои баҳрнавардӣ дорад. Ба соҳиби киштӣ фақат зарур аст, ки дар бораи яхта маълумотҳои дақиқро диҳад (соли барориш, иқтидор, андоза, шумораи каютаҳо ва ғ.).
Боз чиро ба инобат бояд гирифт
Аксари вақт мизоҷон ба Cofrance SARL бо эълони: яхтаи бодбондори ИШ (БУ)-ро мефурӯшам муроҷиат мекунанд. Ва дар ин ҳолат, ба ғайр аз стратегия ва муқарраркунии нархи бомантиқ, инчунин омодагардонии ҷиддии киштӣ зарур шуда метавонад. Мутахассисоне, ки чунин масъалаҳоро хуб аз худ кардаанд, мефаҳмонанд, ки воситаи баҳрнавардӣ чӣ гуна коркард бояд шавад, то ки дар бозор рақобатпазир шуда тавонад, маслиҳат медиҳанд, ки дар куҷо таъмир ва дар куҷо таҷдид карда шавад ва, дар натиҷа, тадбири мазкур вақти фурӯши яхтаро кӯтоҳтар мегардонад.
Боз як ҷиҳати муҳим – харидорони эҳтимолӣ дар ҳар лаҳза имконият бояд дошта бошанд, ки киштӣ муоина ва санҷиш карда шавад. Дар Cofrance SARL маслиҳат медиҳанд, ки барои бароҳатии оммавӣ яхтаро ба банди таваққуфгоҳ аз куҷо бастан беҳтар аст.
ПЕШНИҲОДИ ФАРМОИШ
© 2019 Cofrance SARL (ScanMarine™) Иҷора ва фурӯши яхтаҳо