Дастаи Scanmarine TM (Cofrance SARL) дар бораи вусъатшавии азими ширкат бо хурсандӣ хабар мерасонад. Мо якбора 25 намояндагиҳоро дар тамоми Аврупо кушодем.
Ба туфайли афзоиши пешниҳодҳо яхта чун мол ва, ҳамчунин, иҷораи яхта чун хизматрасонӣ акнун на танҳо барои баргузидагон, балки ба шахсони оддие дорои даромади миёна низ дастрас шуданд. Зимнан, истироҳати ҳафтаина дар яхта амалан ба маблағи нархи ҳуҷраи меҳмонхона барои чунин мӯҳлат баробар шуда метавонад. Яъне, шумо ҳам ҷои истиқомат ва ҳам маҷмӯъи бутуни тамошою вақтхушиҳо бо нархи меҳмонхона ва, зиёда аз ин, имконияти саёҳати баҳрӣ ба даст оварда метавонед.
Нитса, Канн, ҷазираҳои Кариб, Монако ва пляжҳои бошукӯҳи Соҳили Лоҷвардӣ акнун барои аксарияти истироҳаткунандагон дастраст гардидаанд. Ва, бинобар ин, ҷараёни сайёҳоне, ки гузаронидани рухсатиро дар болои яхта хоҳиш доранд, хеле афзоиш ёфтааст. Ин омил низ ба харидани яхтаҳо ва, ҳамчунин, ба сохтмони онҳо тааллуқ дорад. Вале, воқеъан дар ин ҳолат инкишофи техникӣ ва ба бозори яхтаҳо баромадани истеҳсолкунандагони нисбатан арзон нақши асосиро бозидаанд.
Маҳз, далелҳои дар боло овардашуда сабаби асосии зиёдшавиии шумораи мизоҷони ширкати мо шудаанд. Ва аз баски он, ки ҷуғрофии қарордории аҳли мизоҷони доимии мо хеле васеъ ба назар расид, ширкати Scanmarine TM (Cofrance SARL) қарор кардаст, ки шумораи намояндагиҳои хешро зиёд гардонад.
Шабакаи аврупоии намояндагиҳои Кофранс
Соли сипаригашта барои ширкат хеле натиҷанок буд. Ва мо ҳамчунин минтақаи кору фаъолияти хешро вусъат дода будем. Чунончӣ, соли 2018 бо кушодашавии офисҳо дар пойтахтҳои кишварҳои ИДМ ва як қатор шаҳрҳои Россия шӯҳрат ёфта буд.
Дар соли ҷорӣ мо ин самти ҷараёнро давом дода, шабакаи аврупоии намояндагиҳоро таъсис намудем. Акнун бо мо тамос кардан хеле осон шуд. Шумо моро дар кишварҳою шаҳрҳои зерин пайдо карда метавонед:
Чартери яхта дар Швейтсария
Сайёҳони бисёр Швейтсарияро доимо ҷиддан бо кӯҳҳо ва осоишгоҳҳои кӯҳӣ-лижаронӣ ассотсиатсия мекунанд, зимнан дар бораи он фаромӯш мекунанд, ки дар кишвари мазкур обанборҳои басандаи калон вуҷуд доранд, ки дар он ҷо, бидуни ягон мушкилӣ, яхтаи хубро ба иҷора гирифтан мумкин. Се кӯлҳои зебоманзар дар ҳудуди Швейтсария – Невшател, Муртен ва Бил-Бен барои ҳавасмандони саёҳатҳои обӣ тасаллои ҳақиқии дил гаштаанд. Ин барои оромшавӣ дар канори яхтаи хурд ҷои олиҷаноб аст. Ҷиҳати дар Швейтсария яхтаро ба иҷора гирифтан, кифоя аст, ки ба телефони зерин занг занед:
Швейтсария, Тсюрих (Switzerland, Zurich) +41435500260
Тавассути катер дар кулҳои Австрия
Новобаста аз он, ки Австрия бо баҳр бевосита ҳамшафат нест, дар кишвари мазкур ба мутахассисони мо доир ба масъалаи иҷораи яхта басанда бисёр муроҷиат мекунанд. Ва дар ин ҷо сабаби асоснок вуҷуд дорад – Каринтия. Диёри кӯлҳо, ки номи «ривераи австриягӣ»-ро қабул кардаст. Оби обанборҳо тозатарин ва барои моҳигирӣ беҳтарин мебошанд. Вале кӯли асосӣ барои саёҳатҳо тавассути яхтаҳо ин Вёртер-Зе аст. Кӯли дар минтақаи мазкур аз ҳама калон буда, он ҳам байни худи сокинони Швейтсария ва ҳам байни аҳли сайёҳон шӯҳрати бузургро дорад. Дар ин ҷо шумо яхта ё катери бароҳатро тавассути телефони зерин фармоиш дода метавонед:
Австрия (Austria) +436703090145
Бо яхта ба Белгия
Байни мизоҷони мо хоҳишмандони зиёд вуҷуд доранд, ки обҳои сарди шимолро мутеъ гардонанд. Ва ба сифати нуқтаи оғози чунин амал онҳо Белгияро интихоб мекунанд. Бо мақсади он, ки тартиби чартери яхта дар Белгия ва, ҳамчунин, иҷораи истгоҳи киштиҳо дар маринаҳои кишвари мазкур ниҳоятан осон гардад, ширкати мо дар ин ҷо офиси хурдро таъсис додааст. Акнун ба шумо кофӣ аст, ки тавассути телефони зерин ба мо зан занед ва мушкилиҳои шумо ҳалу фасл хоҳанд гашт:
Белгия, Брюссел (Belgium, Brussels) +3225800326
Иҷораи яхта дар Чехия
Ба хотири он, ки ба рӯҳи асрҳои миёна ворид шаванд ба Чехия шумораи бузурги сайёҳон ташриф меоваранд. Ва ба ғайр аз боздиди ҷойҳои тамошобоб, сайёҳон иҷораи катер ё яхтаро дар Влтава ва ҳавзҳои Прага интихоб мекунанд. Ин ҷойҳои тааҷҷубовари Прага мебошанд, ки бидуни ташрифи онҳо саёҳати шумо нопурра мегардад. Вале, ногуфта намонад, ки мавсими обӣ дар ин ҷо соли дароз не, балки аз моҳи апрел то ба моҳи октябр давом медиҳад. Ҳол он, ки намояндагии мо дар Чехия ҳатто дар зимистон кор мекунад. Ба мо тавассути телефони зерин занг занед:
Ҷумҳурии Чехия, Прага (Czech Republic, Prague) +420234261802
Чартери яхта дар Дания
Данияро беҳуда кишвари аз ҳама шаҳрвандони хушбахтарин ҳисоб намекунанд. Он чун афсона базеб аст. Махсусан қисми наздибаҳригии он. Дар мавсими яхтаронӣ ба ин ҷо ҳазорҳо сайёҳон ҳозир мешаванд, то ки қувваи обҳои баҳри Шимолиро бисанҷанд. Зимнан, сайёҳоне, ки дар кӯли Эсруми дорои кӯшки боҳашамат дар соҳилаш, оромона сайругашти рӯи обиро мекунанд низ хеле зиёданд. Дар ин вақт аз зангҳои бисёри хоҳишмандони ба иҷора гирифтани яхта дар Дания телефони ширкати мо пора-пора мешавад. Бинобар ин мо қарор карда будем, ки дар ин ҷо ҳатман намояндагӣ кушоем, то ки кор бо мизоҷон осон гардад. Марҳамат занг бизанед!
Дания (Denmark) +4578768420
Яхта дар Кипр
Кипри офтобӣ кайҳо боз макони орзуи соҳибони яхтаҳо гаштааст. Бо Малта рақобат карда истода, он яке аз шароитҳои беҳтаринро барои бақайдгирии яхта зери парчам пешкаш менамояд. Мутахассисони ширкати Scanmarine TM (Cofrance SARL) ҳарзамон бо тартибдиҳии ҳуқуқии киштиҳои боҳашамат дар Кипр машғул мешаванд. Барои қулайии кор ва тезонидани ҷараёни ҳалу фасл гардидани ҳамаи расмиятҳои бюрократӣ мо дар ин ҷо офис кушодем. Ва агар ба шумо дар Кипр ҷиҳати ба қайд гирифтани яхта зарурият пайдо шавад, ба мо тавассути телефони зерин муроҷиат намоед:
Кипр, Никосия (Cyprus, Nicosia) +35722008295
Яхтинг дар Эстония
Дар Эстония варзиши бодбонӣ хуб инкишоф ёфтааст. Аз ин лиҳоз, бо фарорасии мавсим дар минтақаи соҳилӣ тӯдаҳои воқеъии яхтаҳо мушоҳида карда мешаванд, ки барояшон ҳатман таваққуфгоҳ лозимаст (яъне, ҷои киштибандӣ). Аз сабаби он, ки маринаҳои таҷҳизотонидашуда на он қадар бисёр мебошанд, мубориза ба хотири ҷои киштибандӣ баъзан хеле шадид ба назар мерасад. Вале, мо бошем, ба шумо ҷои барои ширкатамон брон кардашударо ҳамавақт пайдо карда метавонем. Ба шумо фақат тавассути телефони зерин ба мо занг задан кифоя аст:
Эстония, Таллин (Estonia, Tallinn) +3726346315
Ба Финляндия ба хотири яхта
Финляндия на танҳо бо осоишгоҳҳои кӯҳӣ-лижаронии хеш машҳур аст. Дар ин ҷо зери бодбон ҳаракат кардан ин амалан намуди оилавии варзишу истироҳат мебошад. Дар натиҷа финҳо инфросохтори яке аз ҳама инкишофёфтаи яхтагӣ ва бозори серҳаракати дорои шумораи бузурги пешниҳодҳо соҳиб гаштаанд. Бояд қайд кард, ки яхтаҳои и/ш (истифодашуда)-и шахсони маҳаллӣ аз ҷиҳати ҳолати техникӣ ва нигоҳубиниашон ҳатто нисбати навъҳои нави худи ҳозир ба болои об фаровардашуда беҳтар мебошанд. Аз ин лиҳоз ҳамватанони мо барои харидани яхта маҳз ба Финляндия сафар карданро авлотар мешуморанд. Ва мутахассисони Сканмарин бошанд ҷиҳати интихоб кардан ва ба тартиб даровардани созиши хариду фурӯши воситаи шиновар кӯмак мерасонанд. Харидани яхтаро дар Финляндия хоҳиш доред? Занг занед!
Финляндия, Хелсинки (Finland, Helsinki) +358942704070
Олмони яхтадор
Олмон на фақат бо иқтисодиёти пурқувват ва дарёҳои оби ҷав дар фестивали Октоберфест номдор аст. Дар ин ҷо хеле фаъолона бо яхтинг ва сохтани бевоситаи яхтаҳо машғул мешаванд. Барои ҳавасмандони зери бодбон сайругашт кардан ё тавассути круизери муҳаррикдор дар болои мавҷҳо давонда гузаштан, шунидани номҳои халиҷҳои Любек, Кил ва Фленсбургер навгонӣ нест. Маҳз онҳо бо истгоҳҳои таҷҳизотонидашудаи киштиҳои худ маъруф мебошанд. Ва байни онҳое, ки яхтаи навро харидаанд, соҳибони киштиҳое пайдо мешаванд, ки дар верфҳои Lurssen ва Blohm + Voss сохта шудаанд. Агар ба шумо ба иҷора гирифтан ё ҳатто сохтани яхта дар Олмон зарур шавад, ба мутахассисони ширкати Scanmarine тавассути телефони зерин муроҷиат кунед:
Олмон, Ҳамбург (Germany, Hamburg) +494067524020
Зери бодбон дар Маҷористон
Айнан ҳамин тавр – дар Маҷористон низ зери бодбон дар «баҳри венгерии» воқеъӣ сайругашт кардан мумкин. Чунин венгерҳо кӯли калонтарини кишвар (ва ҳамчунин Аврупо) – Балатонро меноманд. Кӯли мазкур барои саёҳати бисёррӯза дар болои яхта бо ташрифи шаҳрҳою деҳаҳои гуногун ҷои басандаи кифояро дорад. Ва аз лиҳози он, ки обанбори зикршуда байни сайёҳон хеле машҳур аст ва доир ба масъалаҳои иҷораи яхта дар Маҷористон ба ширкати мо чуноне зиёд муроҷиат мекунанд, мо авлотар шуморидем, ки дар ин ҷо офис кушоем, то ки шумо бо фармоишҳои худ ба мо тавассути телефони зерин занг зада тавонед:
Маҷористон, Будапешт (Hungary, Budapest) +3615507616
Аз пайи қаҳрамонони антикии Юнон
Кишвари яздонони олимпӣ барои соҳибони яхтаҳо хеле шавқовар аст. Оби шафофтарини баҳр, соҳили зебоманзар, юнониҳои хайрхоҳ ва таърихи бузурги диёри мазкур Юнонро ба дурдонаи нимҷазираи Балкан табдил додаанд. Ва маринаҳои таҷҳизотонидашуда бошанд ҳузуру ҳаловати будубоши яхтанавардонро таъмин менамоянд. Барои қонеъ гардонидани талаботи мавсимӣ мо дар ин ҷо намояндагии хешро кушодем. Аз ин лиҳоз, дар вуҷуди хоҳиши иҷораи яхта дар Юнон ё бронкунии ҷои киштибанд тавассути телефони зерин занг зада метавонед:
Юнон, Афина (Greece, Athens) +302112340685
Исландия – осмонро бо даст расидан
Касе, ки ба Исландия ташриф оварда буд, иброз мекунад, ки осмони ин ҷо ба дараҷае наздик мебошад, ки онро бо даст расидан мумкин ва сокинони маҳаллӣ то имрӯз ба элфҳои достонӣ ва қаҳрамонони афсонавӣ эътиқод доранд. Муддати тобистони кӯтоҳ дар ин ҷо фақат саёҳати хурди яхтавиро ба амал расонидан мумкин, вале он фаромӯшнашаванда хоҳад гашт. Чартери яхтаро дар Исландия бевосита дар офиси мо фармоиш додан мумкин.
Исландия (Iceland) +3546324080
Шоҳдории Люксембург
Люксембург бо обамборҳои хеш лоф зада наметавонад. Бинобар ин дар ин ҷо яхтаро ба иҷора гирифтан маъное надорад. Вале, маълум гардид, ки аз шоҳдории мазкур ба мутахассисони мо мизоҷони зиёд муроҷиат мекунанд. Муроҷиатҳои мазкур ба иҷораи яхта дар кишварҳои баҳрии наздиктарин ва, ҳамчунин, ба сохтмону бақайдгирии яхта тааллуқ доранд. Охирин далел аҳамияти махсусро дорад, зеро парчами Люксембург барои соҳибони яхтаҳо яке аз қулайтарин ба ҳисоб меравад. Маҳз чунин омил ба қабули қарори роҳбарияти ширкати мо доир ба дар ин ҷо кушодани намояндагии алоҳида таъсир расонида буд.
Люксембург (Luxemburg) +35220301642
Латвия – макони омӯзиш
Дар вақтҳои охир Латвия ба макони қарордории марказҳои таълимӣ доир ба идораи яхтаҳо ва, ҳамчунин, курсҳо барои капитанҳо табдил ёфтааст. Дар ин ҷо пас аз таҳсили босифат иҷозатномаҳои байналмилалии соҳиби киштӣ ва капитаниро ба даст овардан мумкин. Ва аз сабаби он, ки ширкати Scanmarine TM (Cofrance SARL) бо омодакунӣ ва баланд кардани малакаи экипажҳои яхтаҳо машғул мебошад, мо дар Латвия намояндагии хешро кушодем. Мехоҳед капитан шавед? Занг занед!
Латвия, Рига (Latvia, Riga) +37167881565
Яхтинг дар Литва
Хусусиятҳои баҳри Балтика аз он иборатанд, ки дар вуҷуди боди мувофиқ шумо бо мавҷҳои калон рӯбарӯ намешавед. Далели мазкур барои яхтанавардони навёдгир сифати олиҷаноб аст. Ба ин ҷо бисёр ҳавасдорони саёҳатҳои зери бодбон ташриф меоваранд. Хоҳиши иҷораи яхтаро дар Литва доред? Бо мо тавассути телефони зерин тамос кунед:
Литва, Вильнюс (Lithuania, Vilnius) +37052080940
Ба пеш ба сӯи Малта!
Малта барои ба қайд гирифтани яхта яке аз ҷойҳои қулай мебошад. Ширкати Cofrance SARL ба хотири осон гардонидани ҷараёни ҳалу фасл намудани ҳамаи нюансҳои расмиятӣ доир ба таъсис додани ширкат, бақайдгирии киштӣ, гузоштани парчам ва суғурта дар ин ҷо намояндагии хешро кушодааст. Зимнан, фақат яхтаро дар Малта ба иҷора гирифтан хоҳед, то ки зебогиҳои ҷазира ва гирдуатрофи баҳрии онро омӯзед, мутахассисони Кофранс ба шумо имконият фароҳам месозанд.
Малта (Malta) +35620341636
Нидерланди маъруф
Ҳолланд бо верфҳои калони хеш номдор аст, ки дар он ҷо мегаяхтаҳои олиҷанобро бунёд мекунанд. Ширкати мо маҳз дар ин кишвар, ҷиҳати тезонидани сохтани яхтаҳо, як қатор канорҳои ҳаҷму шакли гуногунро фармоиш дода буд. Дар натиҷа шумо мегаяхтаи худро муддати на 3-4 соли оддатӣ, балки ду баробар тез бо хароҷотҳои ҷиддан баробарбуда, ба даст оварда метавонед. Сохтмони яхтаро дар Нидерланд тавассути телефони зерин фармоиш додан мумкин:
Ҳолланд, Амстердам (Netherlands, Amsterdam) +31208004910
Норвегия – сафар ба сӯи шимол
Ё ин ки шоҳроҳи шимолӣ – маҳз ҳамин тавр кишвари мазкурро меноманд. Дар ин ҷо ҳатто дар тобистон ҳарорати ҳаво аз 14-17 дараҷа баланд намешавад. Ин салқин аст, вале барои мутеъ намудани баҳрҳои шимолӣ ва саёҳат кардан қад қади соҳили зебоманзар кифоя мебошад. Ва боз моҳигирӣ аз болои яхта – ин ҳузуру ҳаловати алоҳидае мебошад, ки мизоҷони мо доимо фармоиш медиҳанд. Моҳигирӣ дар ин ҷо махсус аст! Хоҳишмандони он бисёранд. Бинобар ин маҳз барои шумо мо дар ин ҷо намояндагии алоҳидаро кушодаем. Тавассути телефони зерин бо мо тамос кунед:
Норвегия, Осло (Norway, Oslo) +4721955865
Ба Лаҳистон ба хотири яхта
Ин тааҷҷубовар, вале ҳақиқат аст – вақтҳои охир то бора шумораи зиёди мизоҷон доир ба масъалаи харидани круизери хуб дар Лаҳистон ба мо муроҷиат мекунанд. Масъалан, верфи Galeon дар намоишгоҳи охирини Канн навъи навтарини хеш Galeon 650-ро пешкаш намуд, ки байни муроҷиати мизоҷон топи воқеъӣ гаштааст. Барои осон гардонидани кор бо верфҳои лаҳистонӣ мо дар ин ҷо офиси алоҳидаро кушодем. Агар шумо хоҳиши харидани яхта дар Лаҳистон дошта бошед, ба мутахассисони мо тавассути телефони зерин муроҷиатт намоед:
Лаҳистон, Варшава (Poland, Warsaw) +48222129450
Португалия – мӯтеъ намудани Атлантика
Ин кишвари тааҷҷӯбовар баҳрнавардону сайёҳони шӯҳратёрро баро ҷаҳон тақдим намудааст. Ба туфайли ҷои мавқеъ гирифтанаш он барои мутеъ намудани қувваи баҳр беҳтарин аст. Ва дар ин ҷо яхтинг яке аз намудҳои асосиии истироҳаткунӣ ва гузаронидани вақти озод мебошад. Рӯҳи Атлантикаро дар соҳили ғарбӣ эҳсос кардан, дар пляжҳои ороми ҷанубӣ истироҳат намудан, гирдуатрофи Лиссабонро муоина кардан, ҳамаи инҳо дар болои яхта, ки дар Португалия тавассути намояндагии Сканмарин ба иҷора гирифта шудааст, имконпазир мебошанд.
Португалия (Portugal) +351300509075
Яхтинг дар Руминия
Руминия на танҳо бо графи Дракула, аждарҳою кӯшкҳои бостонӣ, балки бо соҳили зебоманзари баҳрисиёгӣ ба ҳама шинос мебошад. Ва фаровонии истгоҳҳои яхтаҳо ва нархҳои паст барои чартери яхтаҳо, ҷиҳати истироҳати буҷавӣ дар канори киштиии бароҳат, Руминияро чун ҷои хеле қулай мегардонанд. Мо офиси руминиягиро кушодем, то ки иҷораи яхта дар Руминия барои шумо ниҳоятан қулай гардад.
Руминия, Бухарест (Romania, Bucharest) +40312295945
Словенияи яхтагӣ
Фақат 46 километри соҳил ва як чанд шаҳрҳо, ана ҳамин аст тамоми майдончаи оғозкунии яхтинг дар Словения. Аммо наздикии Итолиё ва Хорватия, саёҳати дар болои яхтаро дар ҳаёти шумо ҳодисаи яке аз ҳама шавқовартарин мегардонад. Зимнан, ҳатто агар шумо убури сарҳади Словенияро қарор накунед, дар чунин ҳолат низ ҷойҳои бисёри олиҷаноб барои ташрифоварӣ басанда мавҷуданд. Пиран, Копер ва Изола – ин шаҳрҳои фаттон шуморо дилгир намекунанд. Ва будубоши бароҳати шумо дар Словения пас аз рӯзҳои корӣ боз ҳам зиёдтар ором мегардонад. Дар Словения яхтаро ба иҷора гирифтан басанда осон аст – ба мутахассиси мо тавассути телефони зерин занг занед ва фармоиш кунед:
Словения, Любляна (Slovenia, Ljubljana) +38617778615
Коллажи яхтагии испанӣ
Испания доимо макони фаровонии яхтаҳо буд. Дар ин ҷо ҳам яхтачаҳои хурди бодбон, ҳам катамаранҳои васе, ҳам круизерҳои тезрав ва ҳам суперяхтаҳои боҳашамат мавҷуданд. Ҳама ба Испанияи гарм ба хотири оромшавӣ дар соҳили баҳр ва ба ҷойҳои тамошобобу бутикҳои маҳаллӣ ташриф овардан меоянд. Ва ҷавонон ба ҳамаи ин вақтхушии рангорангро дар клубҳои шабонавӣ ва шабнишиниҳо илова мекунанд. Зимнан, дар болои яхта низ ҷашнҳои шодмон, корпоративҳо ва ҳатто тӯйҳои арӯсу домодро ташкил кардан мумкин. Ва маҳз доир ба хизматрасонии мазкур аз Испанияи гарм ба мо аз ҳама зиёд занг мезананд. Аз ин лиҳоз, бо мақсади қонеъ гардонидани дархости мазкур мо дар ин ҷо офиси хешро кушодем.
Испания (Spain) +34902042542
Шветсия – тозагӣ ва зебогӣ
Новобаста аз иқлими басанда сард, шаҳрҳои Шветсия байни сайёҳон ва, минҷумла, яхтанавардон, шӯҳрати назарраси калонро дорад. Зимнан, шведҳо ҳавасмандони басандаи саёҳати зери бодбон мебошанд. Вале, дар давраи тобистон шумо ягон яхтанаварди шветсиягиро берун аз кишвари модариаш рӯбарӯ намешавед, зеро онҳо дар ин вақт сайругашти зери бодбон дар ялангиҳои баҳрии Шветсия авлотар мешуморанд. Ва ин ҳайратовар нест, зеро зебогии табиати маҳаллӣ, пляжҳои тоза ва шаҳрҳои серҳаракату пурқувват ба чашмҳою рӯҳ ҳузуру ҳаловатро мебахшанд. Зимнан, ҳатто худи Стокҳолм дар болои понздаҳ ҷазираҳо мавқеъ гирифтааст – муҳити обӣ дар хуни сокинони маҳаллӣ ҷойгир аст. Ва агар шумо қад қади соҳили шветсиягӣ дар болои яхта сайругашт карданро хоҳиш пайдо кунед, тавассути телефони зерин ба мо занг занед:
Шветсия, Стокҳолм (Sweden, Stockholm) +46812410935
Англия аз ҳама ҷиҳат бузург аст
Ин давлати ҷазиравӣ, ки дар вақташ ними дунёро идора менамуд, то ба ҳол ҳам дар ҷодаи иқтисодиёт ва ҳам аз ҷиҳати корҳои баҳриявӣ пешсаф монондааст. Қаблан флоти низомии Британияи Кабир дар баҳр ҳукмронӣ мекард, акнун яхтаҳои бошукӯҳе, ки дар верфҳои англисӣ сохта шудаанд, кулли уқёнуси ҷаҳониро бурон бурон мегузаранд. Fairline, Haines, Oyster, Princess, Sunseeker – ин номҳо ба ҳар як яхтанавард шинос мебошанд. Бисёриҳо хоҳиш доранд, ки соҳиби яхтаи истеҳсолоти Англия шаванд. Ва мо омода ҳастем, ки инро амалӣ кунем – сохтани яхта дар Англия акнун бо кӯмаки Сканмарин боз ҳам дастрас мегардад!
Британияи Кабир, Лондон (United Kingdom, London) +442038074521
Вояж қад қади соҳили Хорватия
Эҳтимолан аз ҳама саёҳати шавқовар дар Адриатика вояжи қад қади соҳили Хорватия хоҳад гашт. Соҳилҳои зебоманзар, баҳри пур аз ҷазираҳо, оби тозатарин ва маринаҳои таҷҳизотонидашуда. Ҷиҳати ҳамаи инҳоро муоина кардан на як ҳафтаи баҳрпаймоии мунтазам зарур мешавад. Барои ин тавсия медиҳем, ки аз иҷораи яхтаи муҳаррикдор дар Хорватия истифода баред. Дар болои круизере, ки дар рӯи сатҳи баҳрӣ бо суръати 25-30 узелҳо бо тезӣ ҳаракат мекунад, аксарияти ҷазираҳою бандарҳоро ташриф овардан осонтар аст. Ва соҳиби чунин нақлиёт шудан тавассути Сканмарин имконпазир мебошад!
Хорватия, Загреб (Croatia, Zagreb) +38517757300
Дар болои яхта ба Ирландия – кишвари элфҳо
Ин кишваре аст, ки дар он ҷо то ба ҳол ба элфҳою паканаҳо эътиқод доранд. Ин кишваре аст, ки дар он рассоми бузург – табиат ранги сабзро дареғ надошт. Ин кишваре аст, ки дар он обу ҳаво мисли феъли духтар тағӣирёбандаст. Ин кишваре аст, ки дар он ҳатто забон чунин садо медиҳад, ки гӯё шуморо доимо ба майхурӣ даъват менамоянд. Ва боз халқи таслимнашуда, истгоҳҳои таҷҳизотонидашудаи киштиҳо ва шумораи бисёри яхтаҳо, ки ба баҳр сафар мекунанд. Ҳамаи ин Ирландия мебошад! Яхтаро ба иҷора гирифтанед? Набошад бидонед – мо офисро кушодем. Тавасутти телефони зерин муроҷиат кунед:
Ирландия, Дублин (Ireland, Dublin) +35319069301
Монако — боҳашамати ниҳоӣ
Шоҳдории хурд барои шахсони хеле давлатманд мисли Макка шуд. Дар ин ҷо амволи ғайриманқулро харида, онҳо, дар баробари ин, соҳиби мегаяхтаҳои бошукӯҳ мешаванд, то ки аз канорашон пойгаҳои Формулаи 1 – Гран-при Монако-ро тамошо кунанд. Дар зимни ин барои бисёри онҳо ҷиҳати ба соҳил фаромадан ба тендер, ки ҳаҷмааш аз яхтаи миёна кам нест, ҳамту савор шудан кофӣ нест… Ба онҳо чархбол зарур аст. Вале иҷораи чархбол ба болои яхта дар Монако ва киштии ҳамроҳикунандаро ба назди мегакиштиҳои хусусӣ бошад, онҳо аз Сканмарин фармоиш медиҳанд!
Кормандони мо кӯшиш ба харҷ додаанд, ки худи ҷараёни фармоиши яхта осон гардад. Акнун ба шумо зарур нест, ки шахсан ба офиси Scanmarine TM (Cofrance Sarl) ҳозир шавед, танҳо тавассути телефонҳои дар боло нишон додашуда занг занед. Кормандони ширкат зангро дар ҳар вақти шабонарӯз (бидуни рӯзҳои истироҳат) қабул мекунанд ва фармоишро таъҷилан дар мӯҳлатҳои аз ҳама кӯтоҳтарин иҷро менамоянд.
Тавассути офисҳои нави мо чӣ фармоиш дода метавонед?
Амалан мо маҷмӯъи пурраи хизматрасониҳоро дар ҳар як намояндагии ширкат, новобаста аз ҷуғрофии мавқеъ гирифтани он, пешкаш менамоем.
Чунончӣ, мутахассисони мо омода ҳастанд, ки зеринро барои шумо таъмин намоянд:
— иҷораи яхтаи ҳар дараҷа ва бароҳатӣ;
— фурӯши яхтаҳо;
— сохтмони яхтаҳо (минҷумла, мегаяхтаҳо дар мӯҳлати кӯтоҳ);
— суғуртаи яхта;
— бақайдгирӣ ва зери парчам гузоштани яхта;
— трансфер то ба яхта;
— хизматрасонии техникӣ;
— менеҷменти яхтаҳо;
— тюнинги яхтаҳо;
— иҷораи воқеъавии яхтаҳо (зодрӯз, тӯйи арӯсу домод, корпоратив ва ҳ.);
— интиқоли яхтаҳо;
— иҷораи чархбол ба болои яхта;
— иҷораи киштии ҳамроҳикунанда;
— ва бисёри дигар.
Ба тартиб даровардани фармоиш
Мо кӯшиш кардем, ки ҷараёни фармоиши яхта автоматикӣ кунонида шавад:
— шумо метавонед фармоишро тавассути шакли махсус дар сомона бимонед;
— тариқи шакли чати онлайн ба осонӣ фармоиш медиҳед;
— ҳамчунин бо мо тавассути мессенҷерҳои WhatsApp, Telegram, Viber (+33629961135) тамос кардан мумкин.
— ва аз ҳама роҳи қулай – ин занг тавассути телефон мебошад. Рақамҳои ҳар як намояндагиро мо дар боло нишон додем. Ҷиҳати додани фармоиш, бо мутахассисони мо тариқи ба шумо қулай тамос кунед ва зимни мулоқот ба таври ниҳоӣ хоҳишҳои хешро нисбати истироҳати дарпешистода, хариди эҳтимолӣ ва ҳ. тавсиф намоед.
Бонусҳо барои мизоҷони доимӣ
Мутахассисони мо барои мизоҷоне, ки аз хизматрасониҳои мо маротибаҳои зиёд истифода мебаранд, маҷмӯъи бутуни таҳфифҳоро коркард намудаанд. Ҷиҳати шуморо ба тааҷҷӯби хушнудибахш даровардан, мо роҳ пайдо мекунем!
Scanmarine TM Cofrance Sarl – ин сервиси беҳтарин, мутахассисони русзабон, яхтаҳои ҳар хавасу рағбат, шартҳои аз ҳама фоидаовар ва, асосаш, кори шабонарӯзии беистироҳат мебошад!